Шӯрӯъи саросарии бақайдгирии IMEI-рамзҳои телефонҳои мобилӣ
Мақомоти Қазоқистон дар қонун «Дар бораи алоқа» тағйирот ворид карданд. Бар асоси ин тағйирот, мушаххасоти телефонҳои мобилӣ ба иттилои шахсии шаҳрвандон шомил карда мешавад. Дар соли ҷорӣ дар ин кишвар сабти номи саросарии IMEI-рамзҳои телефонҳои мобилӣ шуруъ мешавад.
Шаҳрвандони Қазоқистон вазифадор шуданд, ки то охири соли ҷорӣ рамзи IMEI телефони худро сабт кунанд, дар ғайри сурат бе алоқаи мобилӣ хоҳанд монд. Ширкатҳои мобилӣ ба муштариҳо ҳушдор доданд, сар аз моҳи январи соли 2019 онҳое, ки IMEI-рамзи телефони худро сабт накардаанд, бе алоқаи мобилӣ хоҳад монд.
Шакли кӯтоҳшудаи IMEI- Рақами байналмиллалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш, онро дорад. Мақомот ва ширкатҳои мобилӣ тавассути ин рақам як телефони мобилиро аз дигар фарқ мекунанд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ба хотири пешгирӣ аз дуздии телефонҳои мобилӣ ин тасмимро рӯи даст гирифтаанд.
«Мо дуздии телефонҳои мобилиро дар ҳудуди Қазоқистон аз байн мебарем. Телефон бо сим-корти дигар фаъолият намекунад», — гуфт Даврон Абаев, вазири иттилоот ва иртибототи Қазоқистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ