Шӯҳратро барои гӯш кардани таронаҳои мазҳабӣ дар интернет ба додгоҳ кашиданд
Сокини Алматоро, ки дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» таронаҳои мазҳабӣ «гӯш кардааст», дар «тарғиби терроризм» ва «барангехтани адовати динӣ» айбдор мекунанд.
Тафтиши парванда панҷ моҳ давом кард ва рӯзи ҷумъаи гузашта парванда ба додгоҳи ноҳияи Алмалин супорида шуд. Вакили мудофеъ мегӯяд, «бори аввал аст, ки бо айбномаи гӯш кардани тарона рӯ ба рӯ мешавад».
Шуҳрат Кабирови 32-соларо мақомоти қазоқ моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт карданд. Ӯ бо моддаҳои «Барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ», «Тарғиби терроризм ё ба таври оммавӣ даъват ба ҳамлаи террористӣ бо истифода аз расонаҳо ё шабакаҳо» айбдор мешавад.
Гӯш кардани таронаҳои мазҳабӣ бо забони арабӣ ва забони чеченӣ дар шабакаи иҷтимоии «ВКантакте» дар соли 2014 сабаби боздошт ва парвандаи ӯ шудаанд. Саҳифаи «Алим Ахметов», ки аз он саҳифа таронаҳо нашр шуда буданд, ҳанӯз дар шабака маҳфуз аст. Соҳиби саҳифа тахмин меравад, бори охир 8 август вориди Интернет шудааст. Тафтишот мегӯяд, «Шуҳрат Кабиров бо номи Алим Ахметов дар шабака саҳифа дорад».
Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъ Галимҷон Нурпеисов мегӯяд, «Шуҳрат Кабиров намедонад, ки «Алим Ахметов» кист». Ба гуфтаи вакил, рақами телефоне, ки саҳифаи мазкур тавассути он сабти ном шудааст, Кабиров танҳо моҳи октябри соли 2016 онро харидорӣ кардааст.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, шикояти як донишҷӯи донишгоҳи «Нур Муборак», ки гуфтааст, саҳифаи «Алим Ахметов» наворҳои мазҳабӣ нашр мекунад, боиси боз кардани парванда шудааст.
Тафтишот собит кардааст, ки таронаҳои мазҳабӣ ё нашидҳо ба барангехтани бадбинии мазҳабӣ, таҳқири пайравони динҳои дигар, тарғиби терроризм ва тундгароии динӣ даъват мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ