Шӯрои уламо: Қарзатонро бо доллар баргардонед
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар пасманзари аз 450 то ба беш аз 800 сомонӣ боло рафтани қурби 100 доллар дар мавриди додугирифт бо пули нақд фатво додааст.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки қаблан 100 долларро, ки он вақт 450 сомонӣ қурб дошт, қарз гирифтааст: “Ҳоло қурби он 800 сомониро ташкил медиҳад. Қарзамро бо кадом қурб баргардонам?”
Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, “қарзе, ки шумо гирифтед, бо асъори доллар аст, алҳол бошад, доллар дар муомилот ривоҷ дорад. Аз ин рӯ, қарзи гирифтаатонро бо доллар бозпас гардонед, қимати боло рафтани он бо пули сомонӣ эътибор надорад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ