Шӯрои уламо: Рӯза дар Роғун шарт нест
Рӯҳониёни Тоҷикистон ба коргарони нерӯгоҳи Роғун тавсия додаанд, ки ҳангоми кор дар ин иншооти бузург рӯза нагиранд.
Як ҳайати Шӯрои уламои маркази исломӣ чанде пеш зимни сафар ба маҳали сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба коргарон гуфтаанд, ки рӯзаашонро ба таъхир гузоранд ва онро дар вақти берун аз кор бигиранд.Усмоналӣ Нуров, муовини раиси Шӯрои уламо гуфтааст,ки фатвое, ки барои коргарони Роғун доданд, баъди дидани кору зиндагии онҳо ва бар асоси ҳадису ояҳо содир шуд. Ӯ гуфт, ки дар ин сафар Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ онҳоро ҳамроҳӣ кард ва бо далелу бурҳон масъаларо ба онҳо фаҳмонд. “Мо вақте мавзеи корро дидем, рости гап, барои одами рӯзадор машаққат аст. Вақте вориди тунелҳо шудем, буйи дуду газ шароити корро хеле мушкил кардааст. Коргарон дар ҷойҳои то 300 метр чуқур кор мекунанд. Он ҷо дар ин бора сухан кардем, ки аз нигоҳи мазҳаб дар ин ҳолате, ки шумо қарор доред, иҷоза ҳаст, ифтор кунед ва вақту моҳи муносиб рӯза бигиред.”Ба қавли рӯҳонии тоҷик, барои 8 тоифаи мардум доштани рӯза истисно аст ва кормандони нерӯгоҳи Роғун, ки корашон азобу машаққати зиёд дорад, ба ин тоифа шомил мешаванд ва рӯза нагирифтан “кафорат нест”. Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун тақрибан 20 ҳазор нафар кор мекунанд. Аксари кормандони сохтмони Роғун дар ду баст — бо истироҳати 15 рӯзӣ кор мекунанд. Шӯрои уламо гуфтааст, ин коргарон метавонанд, дар 15 рӯзи истироҳат “рӯзаи қарзӣ” бигиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ