Шӯрои уламо:Соли нав одат аст,на ибодат
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили Соли навро ҳамчун як ҷашни қонунӣ мақбул дониста, хариди туҳфаҳои солинавиро барои фарзандон ҷоиз гуфтааст.
Ин ниҳод дар посух ба суоли корбарони сомонааш дар мавриди таҷлили Соли нав ва хариди туҳфаҳо ба фарзандон аз нигоҳи шариат изҳор доштааст, ки “албатта хурсанд кардани фарзандон ва харидани туҳфа барои онҳо рӯзи муайян надорад, ҳар вақте ки волидайн дорои шароити хуби молӣ бошанд, метавонанд ба фарзандони худ туҳфаҳо тақдим намоянд. Дар рӯзҳои соли нав ҳам, ҳамчун як иди қонунӣ ба қадри тавоноияш ба фарзандон туҳфае дода, моҳияти соли навро ба онҳо фаҳмонад, хуб мешавад, яъне ҷашни соли нав як одат аст, на ибодат”.
Қаблан Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили соли нави милодиро, ҷоиз хонда, гуфт, “рафтан ба гирди арчаи солинавӣ инсонро кофир намекунад». Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз сокинони кишвар даъват карда буд, ба фатвоҳои бархе аз руҳониён, ки ба гуфтаи ӯ, фаҳму дарки амиқе аз Қуръону суннат надоранд, гӯш надиҳанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ