Шӯрои уламои Қирғизистон ба иваз кардани чеҳра мухолифат кардааст

Тибқи фатвои Шӯрои уламои Қирғизистон мусалмонҳо иҷозат надоранд, ки тавассути ҷарроҳӣ тарҳи чеҳраашонро дигар созанд.


Шӯрои уламои Идораи мусалмонҳои Қирғизистон 5 апрел дар робита ба тиҷорати шабакавӣ, ҷарроҳии пластикӣ ва ваксинзанӣ се фатво содир кард.


Тибқи фатвои ин идора мусалмонҳо иҷозат надоранд, ки тавассути ҷарроҳӣ тарҳи чеҳраашонро дигар созанд.


«Шариат танҳо ҷарроҳиҳоеро иҷозат медиҳад, ки ба хотири ислоҳи нуқсҳои модарзодӣ бошанд. Аммо агар сабабҳои узрноке набошад ва танҳо ба хотири зебоӣ ҷарроҳӣ анҷом шавад, он гуна ҷарроҳӣ гуноҳ аст», — омадааст дар қарори Шӯрои уламои Қирғизистон.


Ҳамчунин, дар сомонаи муфтиёти Қирғизистон омадааст, ки мусалмонҳои Қирғизистон ҳаққи машғул шудан ба тиҷорати шабакавиро надоранд: чунин фаъолият зидди меъёрҳои шариат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *