Ш.Шоҳиён: 23 556 парванда оилавианд
“Дар шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи моддаҳои 110,111,116 ва 117 амалҳои зӯроварӣ нисбати 30 нафар 28 парванда кушода шуда баррасӣ ва ҳукм бароварда шуд”, қайд намуд Раиси Суди Олӣ дар нишасти хабарии имрӯза, ки бо иштироки судяҳо ва намояндагони ВАО шуда гузашт.
Дар ин муддат 23 556 адад парвандаҳои оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз миёни дигар парвандаҳое, ки кушода шудааст, зиёд мебошад. Ҳамаи ин парвандаҳо бозгӯи ҷиноят набуда, бо модаҳои амалҳои зӯроварӣ, аз ҷумла зӯроварӣ нисбати зан, ё ин ки зан нисбати фарзандон анҷом медиҳад, кушода шудаанд.
Ба саволи он ки ҷудошавии оилаҳо дар кадом сатҳ қарор дорад, номбурда зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли 2017 5091 парванда ворид ва баррасӣ гардид, ки аз ин шумора 4178 ададаш қонеъ шуд, яъне ақди никоҳ бекоршуда эълон гардид.
Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ