Шаҳло ва Баҳодур аз “ҷудоӣ” гуфтанд

Шаҳло Давлатова ва Баҳодур Ҷумаев — ду ҳунарманди ҷавонеанд, ки бо фаъолияти муштарак аллакай мавқеи худро дар олами шоу-бизнеси тоҷик пайдо намудаанд.

Дуэтҳои сароидаи Шаҳло ва Баҳодурро, ки сабку услуби хоси худро доранд, қариб дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ вохӯрдан мумкин аст. Аз рӯи шумораи мухлисони ин ҳунармандон хулоса кардан мумкин аст, ки бо вуҷуди зиёд будани шумораи сарояндаҳо дар кишвар Шаҳло ва Баҳодур ҷои худро дар ҷодаи ҳунар ёфтаанд.

Баҳодурро мардум бештар бо суруди “Оча, зан намегирам” мешиносанд. Аксари сурудҳои Баҳодур шӯх буда, бештар бо клипҳои ҷолибаш маъруфият пайдо кардааст. Баҳодур Ҷумаев дар оилаи соҳибкор ба дунё омада, ӯро аз хурдӣ модараш барои санъаткор шудан ташвиқ кардааст. Дар оилае, ки се писар ба дунё омадааст, модарашон овозхон шудани яке аз фарзандонро мехост ва ин орзуи модарро Баҳодур ҷомаи амал пӯшонд. Имрӯз Баҳодур низ оиладор ва соҳиби ду фарзанд буда, орзу дорад, ки писараш дар роҳи санъат муваффақ гардад. Ҳамарӯза аз пайи эҷод аст, кӯшиш мекунад сурудҳои нав ба навро пешкаши мухлисон гардонад. Дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки кор барояш лаззате дорад, ки аз баҳраш гузашта наметавонад. Баҳодур бо шоир Субҳиддини Саттор ва дигарон ҳамкорӣ карда, дар ду- се рӯз як клипи худро омода ва таҳия месозад.

Шаҳло Давлатова қадамҳои нахустинашро аз соли 2006 дар театр- студияи “Падида” ба ҳайси раққоса оғоз кардааст. Шавқи сарояндагӣ дили ин бонуи ҳунарро ором нагузошта, ӯро ба дунёи овозадори шоу-бизнес овардааст. Шаҳло дар ҳунар ҷойгузине надорад, ӯ бештар бо тарзи махсуси ороишоти рӯю либос ва ҳамон сабки хосаи худаш дар муддати кӯтоҳ маъруф гардидааст. Агар бигӯем, ки Шаҳлоро бештар бо сурудҳои ғарибиаш мешиносанд, хато намекунем. Сурудҳои ғарибиашро бо писарчаи хурдакаки худ Яҳёҷон суруда, мухлисони зиёде пайдо кардааст. Зиндагии Шаҳло бо вуҷуди ин қадар дастовардҳо боз ҳам сахтиҳои худро дорад. Шаҳло бо сарояндаи овозадори тоҷик Шаҳриёри Давлат оиладор шуда, соҳиби як фарзанд аст, вале бахт ба рӯи ин сарояндаи хушсадо нахандида, аз шавҳар ҷудо шудааст. Дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки нияти оиладор шуданро надорад ва то ҳанӯз дар ин бора фикр ҳам накардааст. Ӯ фаъолияти муштаракро бо Баҳодур оғоз карда, танҳо дар бораи муваффақ шудан меандешад.

Миёни Шаҳло ва Баҳодур робитаи қавии дӯстона вуҷуд дорад, ки ба хотири ин дӯстӣ Шаҳло тарки Душанбе карда, дар шаҳри Бохтар бо Баҳодур машғули сабти сурудҳои навинанд. Имрӯз ин ду ситора бештар дар маъракаҳои хушбахтии мардум ширкат варзида, ба базму сӯри мардум шукуҳи хоса мебахшанд.

Дуэтҳои сароидаи ин сарояндаҳо “Ёр дорӣ”, ”Наташа”, Шакалотут намешам”, ”Шикасти зиндагӣ”, ”Хушдоманҷон”, ”Хостгорҳо” ва чанди дигар дар ютубканали онҳо беш аз як миллион тамошобин пайдо кардааст. Суруди тозаэҷоди онҳо бо номи “Ҷудоӣ” тӯли як ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби мухлисон гарм пазироӣ гаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *