Шаҳноза Ҳамдамова: Маҳсулоти арзон дар иди рамазон!
Муддати 8 сол мешавад, ки Агентии рекламавии “Тайрон” ҳамасола дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дар моҳи шарифи Рамазон намоиш-фурӯши маҳсулоти ватаниро ташкил карда, молу маҳсулоти хушсифати истеҳсоли худиро бо нархҳои дастрас ва арзон ба мардум пешкаш менамояд. Дар остонаи баргузории ин чорабинии муҳим бо Директори Агентии рекламавии “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова ҳамсуҳбат шудем.
-Шаҳноза, қабл аз ҳама бигӯед, ки ярмаркаи имсола кай барпо мешавад?
—Ба ҳамагон маълум аст, ки имсол нарху навои бозор дар арафаи рамазон якбора қимат шуд. Аз ҳамин хотир мо қарор додем, ки дар арафаи иди саиди фитр, рӯзҳои 6, 7, 8 ва 9-уми май дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти ватаниро ташкил кунем, то ки мардум тавонанд аз ин ярмарка молу маҳсулоти хушсифатро бо нархҳои дастрас ва арзон харидорӣ намуда, дастурхони идонаашонро табъи дил оро диҳанд.
-Кадом ширкатҳо дар ярмарка молу маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд?
—Ба ифтихори ҷашни бузурги 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон имсол мо қарор додем, ки 30 ширкати машҳури ватаниро ба лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021” ҷалб намоем. Дар ярмарка “Фабрикаи Ширин”, корхонаи машхури торту ширинипазии “555”, “Шоколатье”, ширкатҳои “Файзи расул”, “Баҳори пурфайз” “Рамазон” ва“Покиза”, ки ба истеҳсоли ҳасибу ҳасибчаҳои бомаза ва маҳсулоти гуногуни гӯштӣ машғуланд, комбинати “Ширин Душанбе”, “Молочная радость”, “Шоколадная мечта”, “Сиёма” , “RC-COLA”, Кока –кола, ширкати “Фаиза”, “Маколли” ва боз чандин ширкатҳои машҳур молу маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд.
-Рост аст, ки нархи маҳсулот дар ярмаркаи шумо назар ба бозор арзонтар аст?
-Бале, зеро тамоми ширкатҳо дар ярмарка молу маҳсулоти худро бо арзиши аслиаш- (оптовая цена) ба мардум пешкаш менамоянд. Дар арафаи иди рамазон ин як шанс-имконияти хеле хуб ва мардум метавонанд яхдону хонаву хонашонро аз тамоми намудҳои маҳсулоти хушсифат ва хеле арзони ватанӣ пур кунанд.
—Табиист, ки ҳар сол дар арафаи иди рамазон мардум дар фикри чи тавр пур кардани дастурхони идонаашон ҳастанд. Мегуфтед, ки аз ярмаркаи шумо харидорон барои дастурхони идонаи худ чиҳо харида метавонанд?
—Қанду шоколадҳои рангоранг, торту шириниҳои бомазза, ҳасибу ҳасибча ва маҳсулоти гуногуни гӯштӣ, равған, шарбати мева, обҳои газноку нӯшокиҳои маъданӣ, маҳсулоти гуногуни ширӣ аз қабили шир, қаймоқ, равғани маска, ки барои пухтупаз ба бонувон заруранд, маводҳои кимиёвии шустушӯӣ ва боз даҳҳо намуд маҳсулоти дигари хушсифату арзоне, ки барои зиндагии рӯзмарра лозиманд…
—Мегӯянд, ки аз ярмаркаи шумо ҳатто хона хиридан мумкин аст?
—Бале, дар баробари корхонаҳои истеҳсолӣ дар ярмарка, ҳамчунин, чанд муассисаи тиббӣ аз ширкатҳои сохтмонӣ ширкат меварзанд. Шахсоне, ки нияти хона харидан доранд, метавонанд мушкили худро дар ярмарка ҳал карда, бо нархҳои дастрас соҳиби манзили зебои замонавӣ гарданд.
-Ширкатҳо молу маҳсулоти худро мефурӯшанд, мардум бо нархи арзон маҳсулоти дилхоҳашонро ба даст меоранд. Ба ғайр аз ин, лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ба истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандагон чӣ медиҳад?
—Ҳадафи асосии мо аз роҳандозӣ ва баргузор намудани лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ аст. Ин лоиҳа ҳам барои истеҳслкунандагон ва ҳам барои харидорон бисёр муфид мебошад, зеро “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” истеҳсолкунандагонро бо истеъмолкунандагон наздик месозад.
-Дар баргузории лоиҳа кӣ ба шумо ёрӣ мерасонад?
-Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021”-ро яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилии Тоҷикистон “ТСЕЛЛ” сарпарастӣ менамояд. “ТСЕЛЛ” ҳамеша лоиҳаҳеро, ки ба рушди иқтисодиёти кишварамон мусоидат менамоянд, дастгирӣ мекунад. Ҳамчунин, ҳамкорӣ бо Вазорати Саноат ва технологияҳои нави ҶТ гузаронида мешавад.
—Ба харидорон чӣ гуфтаниед?
-Рӯзҳои 6, 7, 8 ва 9-май ҳатман ба Кохи Борбад ташриф биёранд ва маҳсулоти зарурии худро дар арафаи иди рамазон бо нархи хеле арзону дастрас харидорӣ намуда, дастурхони идонаи худро бо табъи дилашон оро диҳанд.
Мусоҳиб Ф. Сатторӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ