Шаҳр дар домани куҳ. Аз ифтитоҳи корхона то тарабхона дар зодгоҳи Саидмурод Давлатов
60 километр роҳро аз маркази ноҳияи Айнӣ то деҳаи Дарғ дар се соат тай намудем. Роҳ тангу валангор, пур аз аз чангу хок. Аммо роҳи дохили деҳаи Дарғ ҳамвору асфалтпӯш. Ин деҳа зодгоҳи соҳибкор ва устоди бизнес — тренер Саидмурод Давлатов аст. Маҳз бо саҳми ин соҳибкор роҳи деҳа ободу чанд корхона бунёд шудааст. Сафари мо низ ба ин деҳа ба муносибати иштирок дар ифтитоҳи чандин иншоот буд.
13-уми ноябр мардуми деҳаи Дарғ хурсандӣ доштанд. Дар ҳошияи сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, инҷо биноҳои нави мактаб, беморхона, тарабхона, боғи Парчам, корхона, роҳҳои пас аз таъмир ба истифода дода шуданд.
Корхонаи қолинбофӣ барои занон
Дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ корхонаҳои қолинбофӣ, коркарди мева ба истифода дода шуданд. Ин коргоҳҳо ба соҳибкори муваффақ ва устоди бизнес — тренер Саидмурод Давлатов марбут мебошанд. Дар ифтитоҳи расмӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, худи соҳибкор Саидмурод Давлатов ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд. Тавре таъкид гардид, маҳсулоти корхона пурра ба содирот пешбинӣ шудааст.
Саидмурод Давлатов дар суҳбат изҳор дошт, ки мақсади ӯ гузоштани саҳм дар рушди саноати кишвар ва бо кор таъмин кардани сокинони деҳа аст. Бинобар ин, бунёди корхонаҳоро дар зодгоҳаш ба роҳ мондааст. “Мақсад гузоштам, ки корхонае бунёд созам, то ашёи хом дар деҳа коркард шавад. Дар 20 — 30 соли охир пашми бузу гӯсфанд коркард намешуд. Акнун пашме, ки мардум мепартоянд, мо аз онҳо харидорӣ карда, коркарду аз он гилем тайёр мекунем. Мо мутахассисонро аз Туркманистон барои омӯзиши занҳои деҳот ҷалб намудем. Аввал риштаро омода сохта, сипас гилем мебофанд”,- изҳор дошт номбурда.
Ба андешаи Саидмурод Давлатов, бунёди чунин коргоҳ аз чанд ҷиҳат ба манфиат аст. Якум, ашёи хом аз худи деҳа аст. Дуюм, аз 60 то 100 нафар занҳои хонанишин бо кор таъмин мешаванд. Сеюм, гилеми тайёр ба содирот пешбинӣ шудааст. Чорум, бештари занҳои деҳа ба кори сиёҳу замин машғуланд. Онҳо дар натиҷа саломатиро аз даст дода, на ҳама имкони табобат доранд. Ин корхона барои онҳо муфиду осон аст ва даромад ба даст меоранд. Ҳар зан имкон дорад, ки аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ дар як моҳ маош гирад. Ин аз ҳаҷми кор низ вобаста аст.
“Мо ният дорем, ки аз дигар деҳаҳои атрофи Дарғ, аз ҷумла Вешабу Шамтуч, Каздон занҳоро ба омӯзишу шуғл фаро гирем. Яъне, ҳадаф дорем, ки ба ин монанд корхонаҳои дигар бунёд кунему онҳо низ бо кор таъмин шаванд. Ин модели хуби сохтани ҷойи кор аст, ки барои беҳбудии зиндагии халқ равона шудааст”,- мегӯяд соҳибкор Давлатов.
Ҳангоми муаррифии қолинҳо дар назди мақомодорон Саидмурод Давлатов иброз дошт, ки нақшу нигори қолинҳо аз масҷиди деҳа гирифта шудаанд. Масҷиди деҳа бошад, беш аз 200 сол пеш бунёду сақфи он аз ҷониби устоҳои номӣ кандакорӣ шудааст. Ҳадаф аз ин муаррифии фарҳанги тоҷик дар хориҷи кишвар аст.
“Ҳоло гилеми калон аз мӯд рафтааст. Дар хориҷа бештар гилемҳои андозаи хурду қулайро истифода мебаранд. Махсусан, дар меҳмонхонаву марказҳои тиҷоратӣ. Азбаски дар қолинҳо заҳмати дастӣ бештар аст, нарх низ гаронтар аст. Арзиши як гилем аз 10 000 сомонӣ бештар аст”,- изҳор дошт Саидмурод Давлатов ба меҳмонон.
Пешгирӣ аз талафёбӣ
Коргоҳи дигаре, ки дар зодгоҳи Саидмурод Давлатов оғоз ба фаъолият кард, коркард ва бандубасти мева аст. Таъкид гардид, ки бунёди ин корхона низ бо ҳадафи таъмини сокинон бо кор ва пешгирӣ аз талафи маҳсулот мебошад. Зеро бинобар дурии роҳ, таъмин набудани шароити транзитӣ, мардум содирот карда наметавонанд. Ба гуфтаи Саидмурод Давлатов, бинобар таҷрибаи ками боғдорӣ, 70 фоизи мева талаф меёбад. “Агар як қисмашро хушк кунанд, қисми дигарро ҳамчун тар истифода мекунанд. Аз 50 то 60 фоиз талаф меёбад.
Мо мақсад дорем, ки аз аҳолӣ харида, дар корхона коркард кунем. Тут, зардолу, себ, дӯлона, шиповник, қот, зирк, зира ва дар маҷмуъ 11 намуд маҳсулот дар қолаби банду баст коркарду содирот карда хоҳад шуд. Бозори мо асосан Русия пешбинӣ шудааст. Ният дорем, ки ба Малайзия ва Сингапур низ содирот намоем”,- таъкид дошт соҳибкор.
Биноҳои баландошёна дар деҳа
Яке аз ташаббусҳои дигари Саидмурод Давлатов дар зодгоҳаш бунёди биноҳои баландошёна, танӯрҳои барқӣ аст. Нақшаи сохтмони онҳо низ ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар меҳмонон муаррифӣ карда шуд.
“Якум, дар ҳар оила аз 5 то 7 нафар зиндагӣ мекунанд. Ҷой кам аст. Вақте ки фарзандҳо калон мешаванд, муҳоҷир шуда мераванд. Дуюм, вақте ки барои гирифтани маълумоти олӣ мераванд, дигар ба деҳа барнамегарданд. Ба хулоса омадам, ки агар 5-6 бинои баландошёна созем, мардум камтар рӯ ба шаҳр меоранд. Ҳамчунин, табиати деҳа форам ва барои рушди сайёҳии куҳӣ муфид аст. Мақсад дорем, ки то 35- солагии Истиқлоли давлатӣ биноҳоро бунёд намоем. Ҳадафи мо бунёди шаҳрак бо инфрасохтори замонавӣ мебошад. Таъмири роҳи байни деҳаи Дарғро низ мо ба хотири пешрафти сокинон анҷом додем”,- гуфт Саидмурод Давлатов.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ