Шаҳрдорӣ: Ба таҳлука наафтед ва вазъиятро дуруст дарк намоед!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нашри як иттилоия аҳолии пойтахтро аз паст шудани фишори об дар пайи боронгариҳои шаби гузашта огоҳ кард.

— Санаи 27-уми августи соли равон бинобар сабаби боридани боронҳои шадид ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб дар шаҳракҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103, 104 ва маҳаллаҳои Авул, Қазоқон, Зафар, Меҳробод Зарафшони ноҳияи  Сино то дарвозаи Ҳисор ва кӯчаҳои Шураксой, Чашмасор, Рӯдакӣ аз 160 то 190, Пролетар, Гулдаст, Плеханов, Охунбобоев, Ҳ. Ҳакимзода, П. Толис, қисмати поёни Рӯдакӣ аз 140 то 158 Телман, Амиршоев, Заҳматобод, Сурхоб, Анзоби ноҳияи Сомонӣ, кӯчаҳои Акрамов, Ҳусейнзода, Нисор Муҳаммад, Чехов, кӯчаи Айнӣ аз 3 то 171 кӯчаҳои Репина, Адҳамов, Беҳзод, Лоҳутӣ, Х. Мирзо Турсунзода, М. Собирова ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, Дӯстии халқҳо то гардиши кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур фишори об паст мешавад,- иттилоъ дод манбаъ.

Шаҳрдорӣ афзуд, ки ҳолати мазкур ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад ва аз шаҳрвандон хоҳиш намуд, то ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро дуруст дарк намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *