Шаҳрдорӣ сарнавишти мозайкаи “Шашмақом”-ро шарҳ дод

Дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе масъалаи Мозайкаи “Шашмақом” матраҳ шуд. Азизиён Самӣ Солӣ, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ  дар ин маврид чунин изҳори назар кард:

“Феълан, масъалаи Мозайкаи “Шашмақом” ва дигар ёдгориҳои ҳунариву меъморӣ дар ҳоли барассӣ ҳастанд. Феълан, бо иштироки мутахассисон аз Русия, Академияи меъмории Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор ин масъала дар ҳоли барассӣ аст. Хулосаи комиссия ки баромад, мо расман ба ВАО хабар медиҳем”- гуфт, номбурда.

Вале Самӣ Солӣ дақиқан нагуфт, ки мозайкаи “Шашмақом” тахриб мешавад ё не. “Ин масъала дар зери назорати бевоситаи раиси шаҳри Душанбе аст”-гуфт, дар посух ба суоли хабарнигори pressa.tj.

Мозайка ё фрески сангини “Шашмақом” аз  ҷониби рассом Асрор Аминҷонов соли 1976 офарида шудааст. Онро мутахассисон яке аз шоҳкориҳои ҳунари мозайкаофарӣ медонанд. Ин асар девори бинои собиқи ТВ “Сафина”-ро зеб медод.

Худи ин бинои собиқи ТВ “Сафина” соли 1933 аз рӯи лоиҳаи меъмор Сергей Кутин сохта шуда, аввалин кинотеатри зимистонаи ба номи Горкий дар Душанбе буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ин ҷо “Союздетфилм” ва киностудияи Тоҷикистон ҷойгир шуда буданд. Баъдан солҳо ин бино ба сифати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва баъдан ҳамчун Хонаи кино фаъолият кард. Соли 2005 дар ин бино ТВ “Сафина” ҷой гирифт.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ТВ “Сафина” ба бинои нав кӯчид. Бинои навро бар ивази ҷойи бинои кӯҳна ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж”, ки яке аз пудратчиёни асосии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст бунёд кард. Ҳафтаи равон, атрофи бинои кӯҳнаи “Сафина” печонида шуд. Қарор аст, ки ин ширкат дар он ҷо бинои наву замонавӣ бисозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *