Шаҳрдори Душанбе ба Санкт-Петербург сафар кард
Имрӯз, 21-уми ноябр шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар намуд.
Зикр гардидааст, ки Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари мазкур дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок менамояд.
Ҷаласа рӯзҳои 21-22 -юми ноябр баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ