Шаҳрдори Левакант барканор шуд


Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант аз мақомаш озод карда шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи ӯ раиси шаҳри Левакант таъин шудааст.
Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Левакант ба Pressa.tj гуфтанд, ки Бунафша Файзиддинзода, ҳамакнун раиси собиқи шаҳри Левакант раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
“Аз субҳ ҳамингуна овозаҳо ҳаст, ки раисро аз вазифааш озод кардаанд. Ҳоло овозаҳо ҳам ҳаст, ки ӯро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, — афзуд манбаъ.
Бунафша Файзиддинзода, охири соли 2021 раиси шаҳри Левакант таъин шуда буд. Ӯ то расидан ба раисии шаҳри мавриди назар муовини раиси ноҳияи Данғара буд.
Ин хабарро то ҳол ниҳодҳои давлатӣ тасдиқ накардаанд. Аммо роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳриро соати 15 дар бинои мақомоти маҳаллӣ ба маҷлис даъват кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *