Шаҳри Турсунзода: Бунёди бинои нави таълимӣ дар деҳаи Оға
Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳое, аз паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи маориф бармеоянд, раиси шаҳри Турсунзода аз як қатор муассисаҳои таҳсилотии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон дидан намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Турсунзода, Деҳаи Оға аз деҳоти дурдасти шаҳр маҳсуб ёфта, дар 25 км дур аз маркази шаҳр воқеъ аст. Фарзандони деҳа дар муассисаи таҳсилоти умумуи асосии №114 ба таълим фаро гирифта шудаанд. Раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам бо вазъи муассисаи мазкур ва таълиму тарбияи насли наврас шинос шудааст.
— Бо мақсади беҳ намудани шароити таълиму тарбия дар назди муассиса бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҷалби соҳибкорону фаъолон бунёди бинои нави таълимӣ ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи ангоравӣ пешниҳод гардид. Сокинони деҳа тавассути ҳашар барои омода намудани мавзеи бунёди бино корҳоро оғоз намуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ