Шаҳритус: Амале намунаи ибрати дигар волидон

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон волидони хонандагони муассисаи таълимии рақами 16 бо ҳашари дастаҷамъие болопӯши биноро пурра иваз карданд. Аз фарсудагӣ, аз боми бинои мавриди назар дар вақти боридани борон об мечакид.

Комил Очилдиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки муассисаи таълимии рақами 16 аз ду бино иборат аст. Ӯ мегӯяд, ки боми ҳарду бино бо дастгирии волидони хонандагон пурра иваз карда шуд. “Акнун хонандагон фасли сарморо бе мушкилӣ сипарӣ хоҳанд кард”,- афзуд ӯ ва илова кард, ки пештар аз боми бино дар вақти боридани борон об мечакид, ки ин мушкилӣ пурра бартараф гардид.

— Боз бо ҳиссаи падару модарон дар ноҳияи Шаҳритус дар умум сохтмони 24 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Ҳоло дар ҷамоати деҳоти Пахтаобод бо саҳми падару модарон бинои иловагие бунёд шуда истодааст, ки аз ҳашт синфхона иборат аст. Саҳми волидон дар таъмири муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Шаҳритус кам нест,- афзуд ӯ.

Раёсати маориф дар вилояти Хатлон ин амали волидонро намунаи ибрат барои дигар волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ мегӯяд: “Омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 16 аз кумак ва масъулияти баланди падару модарон сарафрозанд. Ин амали волидон бо ҳиммати ноҳияи Шаҳритус барои дигарон намунаи ибрат хоҳад буд”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *