Шаҳриёр Давлатов: Хушбахтӣ мехоҳам
Шаҳриёр Давлатов аз зумраи сарояндаҳои эстрадаи тоҷик мебошад, ки замоне дар миёни ҷавонон шуҳраи зиёд дошта, сурудҳои “Бо ту буданам нашуд”, “Дуздида нигот мекунам, азизам”, “Эй кош”, “Хиёнат”, “Оча” ва даҳҳо таронаҳои дигараш вирди забонҳо чарх мезад. Баъди сукути тӯлонӣ суруду таронаҳои навро ба мухлисону ҳаводорони худ пешниҳод кард. Чаро модари Шаҳриёр пешниҳоди ба хонаи Ҳаҷ рафтанро рад кард? Чаро писараш аз назди ӯ рафтан намехоҳад? Оё Шаҳриёр нияти оиладор шудан дорад? Ба ин ва дигар саволҳо Шаҳриёр Давлатов дар суҳбат бо ютубканали “Тоҷикон груп” посух гуфт, ки муҳтавои онро пешниҳоди шумо мегардонем.
— Шаҳриёр, чуноне мо медонем, дар бораи модар сурудҳои зиёд месароед, вале дар бораи падаратон дар барномаҳо хеле кам гуфтаед. Падаратон чӣ кора ҳастанд ва бо шумо зиндагӣ мекунанд?
— Падару модарам дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунанд. Падарам тақрибан 6-7 сол мешавад, ки дар театр ба ҳайси администратор кор мекунад. Ӯ мехоҳад, ки соҳиби хона шавад ва то ҳол дипломи Донишкадаи санъаташро аз донишгоҳ нагирифтааст.
— Дар вақти холигӣ ба чӣ корҳо машғул мешавед?
— Хоб мекунам ва гоҳо дар бораи рушди санъату ҳунарам нақша мекашам.
— Чуноне аз рафти барнома фаҳмидем, шумо хӯрокҳои зиёдро аз қабили гардсӯз, ширбиринҷ, отала, ош, хомшӯрбо, оши тупа, манту, казан-кабоб ва ғайраҳо омода карда метавонед. Ин ҳунарҳоро аз модар омӯхтед ё аз интернет?
— Азбаски танҳо зиндагӣ мекунам, кӯшиш мекунам хӯроки дилхоҳро худам омода намоям. Дар аввал хӯрокро месӯзондам, вале оҳиста-оҳиста пухтупазро ёд гирифтам.
— Тавре ба мо маълум аст, Найсонҷон ва Яҳёҷон фарзандони шумо ҳастанд. Найсонҷон аз кадом ҳамсари шумо аст?
— Духтарам Найсонҷон аз ҳамсари якумам аст.
— Аз кадом коратон пушаймон шудаед ва чаро?
— Аз санъаткор шуданам, чунки он чизе дар дили ман аст, касе онро хуб дарк карда наметавонад. Хуб мешуд, ки ба ҷои санъаткор шудан тоҷир мешудаму ба савдо машғул мешудам.
— Дар як баромадатон гуфтед, ки вақте Яҳёро ба хона меорам, намехоҳад, ки аз назди ман равад, вале ӯро маҷбур равон мекунед, чаро чунин аст?
— Маҷбур ба он хотир равон мекунам, ки ӯ таҳсил мекунад. Ҳарду фарзандамро рӯзҳои ҷумъа меораму рӯзи душанбе бурда мемонам.
— Ин қадар дороӣ ва шуҳрате, ки Шаҳриёр дошт, куҷо шуд? Манзур аз саволам ин аст, ки замоне дар авҷи шуҳрат будед…
— Вақте шахс аввалин бор ба санъат ворид мешавад, тамоми кӯшишу ғайраташро ба ҳамин кор мебахшад. Шахсан ман барои омода намудани клипу сурудҳои нав хоб намекардам. Оҳиста-оҳиста ин шӯру шавқ поин меравад ва баромадҳо ҳам кам мешаванд. Инсон дар ҷавонӣ ба мушкилиҳои оилавӣ камтар таваҷҷуҳ мекунад, вале умр, ки каме боло рафт, аввал барои ҳалли мушкилиҳо кӯшиш мекунад ва санъат дар ҷои дуюм мемонад. Вале санъат инро қабул надорад, дар ин самт ҳамеша обутоб ёфтан муҳим аст.
— Кадом амал ё ҳолат ба шумо сахт мерасад?
— Туҳмат ба ман сахт мерасад.
— Чизе, ки то имрӯз дар зиндагӣ надидед?
— Хушбахтӣ.
— Вале, дар як барнома гуфтед, ки ман хушбахтам…
— Ман дар ҳама барномаҳо гуфтагиам, ки аз хӯрдан, пӯшидан, мошин, хона мушкилӣ надорам. Вале ман аз бахту зиндагӣ… Имсол дар нақша дорам…
— Мушкилие, ки ба худатону ба дигарон низ писанд нест, кадом аст?
— Мушкилии ман ҳамин аст, ки боре фикр накарда, навореро ба ютуб партофтам. Одаме ҳаст, ки барои як наворро пахш кардан, моҳҳо онро интизор мешавад, тамошо мекунад. Ҳамин рафторам хуб нест, ки чизе дар сарам омад, ҳамон вақт иҷро мекунаму дар интерент мегузорам. Масалан, вақте дар як тӯй модарамро заданд, ба ман сахт расиду гапамро гуфтам, вале баъдан пушаймон шудам. Ё “пранк” карда будам, ки ҳамаи ин аз мушкилиҳои зиндагӣ аст.
— Мухлисони ютубканали мо мегӯянд, ки Шаҳриёр Давлатов мисли пешина нест. Ба ин чӣ назар доред?
— Дар ҷавонӣ хароб будам, меҳнат мекардам, ҳоло бошад, вазн гирифтам, каме дар иҷрои корҳо танбалӣ мекунам. Одам ҳар сол дигар шудан мегирад.
— Кадом хислати мардум ба шумо писанд нест?
— Дар моҳи Рамазон ба масҷид барои намоз гузоштан рафтам, ба гӯшам шунидам, ки як кас гуфт: “Бинед, Шаҳриёр масҷид омадаст”. Мардум фикр мекунанд, ки санъаткорон ба ҳама кор қодиранд. Ҳол он ки санъаткорон дилу нияти пок доранд, ҳеҷ гоҳ нохуширо намехоҳанд, ҳамеша мехоҳанд тӯю тамошо ва хурсандӣ бошад.
— Чӣ кореро мехоҳед барои падару модари худ анҷом диҳед, ки то имрӯз онро амалӣ накардед?
— Бисёр мехоҳам падару модарамро ба зиёрати Хонаи Худо равон кунам, аммо модарам мегӯяд, ки ту дар зиндагӣ мустақил нестӣ, намеравам. Вақте ту оиладор мешавӣ, ман бо дили пур ба Ҳаҷ меравам.
— Нафаре пайдо шаваду бо имиҷи шумо сурудҳоятонро бозхонӣ кунад, чӣ хел қабул доред?
— Хуб қабул мекунам.
— Як нақшаи бузургатон, ки то имрӯз амалӣ нашудааст?
— Нақшаҳои бузургу амалиношуда зиёд аст. Фикр мекунам, ки нақшаҳо пок бошанду одам ба Худованд наздик бошад, орзуву нақшаҳо низ амалӣ мешаванд. Ҳамин сол аллакай 4-5 клипи навро омода карда истодаем, насиб бошад, пешкаши мухлисон мегардонем.
Омодасоз: БЕНАЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ