Шаҳриёр Давлатов: Одами бадро ба Худо месупорам!
Шаҳриёр Давлатов яке аз сарояндагони хушсадову шинохтае аст, ки чанд сол қабл атрофи зиндагии шахсияш ҳангомаву овозаҳои гуногун сар зада буд. Бо вуҷуди мушкиливу нобасомониҳое, ки ба сари ин ҳунарманд омада буд, шумораи мухлисонаш кам нагашт. Шаҳриёр бо сеҳри садои худ муҳаббати ҳаводоронашро аз даст надод. Фишурдаи суҳбатамонро бо Шаҳриёр Давлатов пешкаши шумо мегардонем.
— Салом Шаҳриёр!
— Салом!
— Ман Салмон, шуморо ташвиш дода истодаам.
— Гӯш мекунам, ягон хизмат буд? Боз ягон овоза фаҳмидагистед?
— Аз навигариҳои кору фаъолияти эҷодиатон пурсиданӣ будем.
— Марҳамат, чӣ саволе доред, посух медиҳам.
— Шунидем, ки ба Ҳаҷ меравед?
— Ҳоҷӣ шудан орзуи ҳар як банда аст ва ман низ ин орзуро дар дил мепарварам. Насибу тақдир бошад, албатта ба зиёрати хонаи Худо меравам.
— Хабари оиладор шуданатон рост аст?
— Борҳо гуфта будам ва боз мегӯям, ки падару модарам касеро интихоб кунанд, бо ҳамон духтар оиладор мешавам. Ҳар нафаре дар интихоби ҳамсафари зиндагӣ ба гапи падару модараш гӯш мекунад, бурд мекунад. Ман низ интизор ҳастам, ки рӯзе модарам занг мезанаду “тайёр шав бачам, арӯсро ёфтам!” мегӯяд (механдад).
— Ҳамсари ояндаи шумо бояд маълумоти олӣ дошта бошад?
— Муҳим духтари баодоб бошаду тарбияи дуруст дошта бошад. Дигараш муҳим нест!
— Барои Шаҳриёр зарбаи сахттарин дар зиндагӣ чӣ буд?
— Дар зиндагӣ чунон зарбаҳои сангин хӯрдаам, ки имрӯз ба ёд оварда, ба худ мегӯям: “Аҳсан ба ту Шаҳриёр, ки ба ин ҳама туҳмату овоза тоқат карда тавонистӣ!”. Маро нафарони зиёде шикастан мехостанд, кӯшиш ҳам карданд, вале бинед, ҳамон Шаҳриёр будам, ҳастам ва Худо хоҳад, ҳамин гуна мемонам!
— Солҳои пеш дар чандин филм нақш бозида, ҳунари актёрӣ доштанатонро низ нишон дода будед. Чаро дигар дар ягон филм шуморо намебинем?
— Дар ду филме, ки пешкаши тамошобин гардонида будам, тамоми харҷу хароҷоти актёрон ба дӯши худам буд. Бар замми ин, сарпараст надоштем, дидам, ки хароҷот ҳасту даромад нест, худро канор гирифтам.
— Душмании шуморо бо чандин овозхонҳои кишвар шунида будем. Чаро баъзе ҳампешаҳоятонро чашми дидан надоред?
— Беҳтараш савол медодед, ки чаро шуморо чашми дидан надоранд? Ман аслан одами кинагир нестам, вале худро ба ҳама наздики бад кардан ҳам намехоҳам. Фосила доштанам хуб аст, на гапам мегурезад, на асабам хароб мегардад. Ҳар касе маро бад мебинад, ҳаволаашро ба Худо месупорам!
— Чаро мисли пештара фаъолу сермаҳсул нестед?
— Хоболуд ва танбал шуданамро ба гардан мегирам. Ростӣ, нақшаҳо зиёданд, ваъда медиҳам, ки мухлисон рӯзҳои наздик фақат клипу сурудҳои нави маро хоҳанд дид.
— Чаро шумо дуэт намесароед?
— Дуэт омода аст ва Худо хоҳад, рӯзҳои наздик пешкаши мухлисон мегардад.
— Фарзанди шумо бо вуҷуди хеле хурдсол буданаш дар олами шоу- бизнеси тоҷик хеле муваффақ гардид. Бо писаратон рафтуомад доред?
— Бале, фарзандам Яҳёҷон хеле боистеъдод аст. Ҳамеша бо писарам дар тамос ҳастам, ӯро ба сайру тамошо бурда, барояш сарулибос мехарам, кӯшиш мекунам, ки қарзи падарии худро иҷро намоям.
— Аз пешравиҳояш шод мегардед?
— Муваффақияти фарзанд хушбахтиву ифтихори падар аст.
— Дар зиндагӣ бароятон чӣ муҳим аст?
— Саломативу хушҳолии падару модар ва фарзандонам. Ман кайҳо аз баҳри худ гузаштам ва тамоми дороиямро сарфи ҳастиву саломатии азизонам мекунам.
— Ба шумо барору комёбӣ орзумандем!
— Ташаккур!
Суҳбаторо: САЛМОНҶОН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ