Шаҳриёр Саъдуллозода: Ихтисосу гуруҳҳои англисӣ таъсис медиҳем!
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ихтисосу гуруҳҳо бо забони англисӣ роҳандозӣ мегарданд. Дар ин бора директори донишкадаи мазкур Шаҳриёр Саъдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки барои ин ташаббус базаи кадрӣ дар донишкада мавҷуд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта 41% -ро ташкил медиҳад. Ин ба меъёри муқарраршуда барои донишкадаҳо (35%) ҷавобгӯ мебошад.
Ҳамзамон, соли сипаришуда 72 омӯзгори донишкада дар назди муассисаҳои таълимӣ ва илмии дохил ва хориҷи кишвар аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд.

“Ҳоло 275 донишҷӯи донишкада стипендияи давлатии академӣ мегиранд. Дар баробари ин, 2 нафар донишҷӯи донишкада стипендияи Президентӣ, 9 нафар стипендияҳои номии донишкада, 27 нафар стипендия раиси вилояти Суғд ва 5 нафар стипендияи раиси шаҳри Хуҷандро шарафёб шуданд”,-иттилоъ дод Шаҳриёр Саъдуллозода.
Таъгид гардид, ки айни замон донишкада бо 184 корхонаи истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ, ташкилоту идораҳо барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ