Хуҷанд шаҳри беҳтарин эълон шуд

Дар вилояти Суғд ғолибони озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» муайян гардиданд.

Дар бахши «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи якум шуд.

Дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Ашт ҷойи аввал, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи дуюм ва ноҳияи Спитамен ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Ғолибон дар маросими махсуси қадршиносӣ, ки 13 январи соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд, мукофотонида шуданд.

 Ба ғолибон Диплом ва мукофотпулӣ аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд.

Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба Pressa.tj  иттилоъ доданд, озмуни мазкур дар асоси нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таҳкими бунёдкорию созандагӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ баргузор гардид.

Инчунин, дар бахшҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Деҳаи беҳтарин» ғолибон муайян шуданд. Маҳаллаи «Азизобод»-и шаҳри Панҷакент, маҳаллаи «Машъал»-и шаҳри Бӯстон, маҳаллаи ба номи Абдураҳим Ғозибекови ноҳияи Шаҳристон ва деҳоти дигар дар ҷойҳои як, ду ва сеюм қарор гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *