Шаҳрвандӣ бар ивази хизмати ҳарбӣ ва ҳушдор ба муҳоҷирони тоҷик

Шаҳрвандони хориҷие, ки барои адои хидмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба муҳлати на камтар аз 1 сол қарордод мебанданд, шаҳрвандии Русияро дарёфт хоҳанд кард. Думаи давлатии Русия рӯзи 20-уми сентяр дар ин бора қонуни дахлдор қабул кард.

Ҷалби сарбозон ба Украина

Валентина Чупик — ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ҳушдор дод, ки ба ин қонун фирефта ва қурбони вазъият дар Украина нашаванд. Зеро аксари коршиносон бар онанд, ки ин қонун барои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба сафи неруҳои Русия ва ба ин васила ширкати онҳо дар Амалиёти махсуси низомӣ дар Украина мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Русия, тибқи қарордоди ҳарбӣ на камтар аз 3 сол хидмати ҳарбӣ адо кардан зарур аст. Ғайр аз ин, дар тағйирот пешниҳод мешавад, ки муҳлати қарордоди аввали хидмати ҳарбӣ, ки бо шаҳрванди хориҷӣ барои хидмат дар рутбаҳои сарбоз, матрос, сержант ва старшина баста мешавад, аз 5 то 1 сол кам карда шавад.

Ба иттилои торнамои раиси шаҳри Маскав, дар Маркази муҳоҷирати Сахарово барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмат дар сафи артиши Русия зерсохтори мукаммали мусоидати Вазорати мудофиа роҳандозӣ шудааст.

Қаблан, Думаи давлатии Русия рӯзи 20-уми сентябр ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он, барои ҳозир нашудан ба адои хидмати ҳарбӣ тибқи даъватнома, саркашӣ кардан ё гурехтан аз он ба муҳлати то 10 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ гардид.

Ҳушдор ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи Русияро дарёфт мекунанд. Теъдоди онҳое, ки дар интизори шиносномаи Русия ҳастанд, низ кам нестанд. Ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик аз он нигарон аст, ки муҳоҷирон метавонанд фирефта шаванд. Воқеан, аллакай чандин нафар зодагони Тоҷикистон, ки мувофиқи қарордод дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хизмат мекунанд, дар амалиёти махсуси низомӣ дар қаламрави Украина қурбон шуданд.

Ҳуқуқшиносон ҳушдор медиҳанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон агар бо қарордод дар қаламрави кишвари дигар биҷанганд, бо ҷурми зархаридӣ гунаҳгор дониста мешаванд.

Ин банди Кодекси ҷиноятиро ҳуқуқшиноси тоҷик Наврӯз Одинаев чунин шарҳ медиҳад: “Дар моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (зархаридӣ, наёмничество) чунин зикр мешавад:

1). Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

— бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 12 сол ҷазо дода мешавад.

2). Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,

— бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 15 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3). Иштироки зархарид дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

— бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *