Шаҳрвандони Ҳиндустон дар Дарвоз ба садама дучор шуданд (аудио)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 16-уми октябри соли равон тахминан соати 17:00 аз садамаи мошин дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ хабар дода шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар километри 345-уми деҳаи Сангевни ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser”, ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, дучори садама шудааст.

Дар натиҷа ронанда бо ду мусофири он аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон, кормандони Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе, ки яке 58 ва дуюмӣ 41 сол доштаанд, бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳияи Дарвоз интиқол дода шудаанд.

— Сабаби ин садама аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *