Шаҳрвандони Амрико ба Доналд Трамп  бовар доранд!

Назарсанҷии Bloomberg News ва Morning Consult нишон медиҳад, ки интихобкунандагони ИМА ба президенти пешини Доналд Трамп бовар доранд, ки нисбат ба президент Ҷо Байден масъалаҳоро бо Украина, Исроил ва Чин ба осонӣ ҳал мекунанд.

46% пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба Трамп дар масъалаи беҳбуди равобити Иёлоти Муттаҳида ва Чин эътимод доранд ва 34% дар ин масъала ба рақибаш Байден изҳори боварӣ кардаанд. 20% пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба ҳеҷ кадоме аз онҳо ба пешбурди сиёсати хориҷӣ нисбат ба Чин бовар надоранд.

Дар ҳамин ҳол, 45% пурсидашудагон омодаанд, ки ба Трамп барои ҳалли вазъ бо Украина бовар кунанд, Байден 34% овоз гирифтааст. Аммо 21 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз номзадҳо дар ҳалли ин масъала эътимод надоранд.

Дар ҳамин ҳол, 43% ба ин боваранд, ки Трамп метавонад дар ҳалли низои Исроилу Фаластин кумак намояд. 33%  бовар доранд, ки Байден ин корро хоҳад кард. Аммо 24%-и пурсидашудагон гуфтаанд, ки на ба Трамп ва на ба Байден барои ҳалли низоъ дар Ховари Миёна эътимод надоранд.

Назарсанҷии Bloomberg News and Morning Consult дар ҳафт иёлот 4922 овоздиҳандагони сабтиномшударо дар бар гирифт. Ин назарсанҷӣ аз 30 октябр то 7 ноябр ба тариқи онлайн гузаронида шуда, як дарсад хатогӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *