Шаҳсавори дунёи сиёсат

Пора аз китоби  Ҳомиддин Шарифов

15-уми июни соли 1947 дар яке аз гӯшаҳои Тоҷикистон тифле ба дунё омад, ки роҳи зиндагиашро тақдир барои таҳкими Қонун, адолат ва баробарӣ рақам зад.

Соли 1966 мактаби миёнаро дар Кӯлоб хатм карда, ба факултети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки он замон номи Ленинро дошт, қабул шуда ва онро соли 1971 бо сарбаландӣ хатм кард.

Ҳамин тавр, зиндагии воқеӣ, аз рӯи касби гирифтааш шурӯъ мегардад.

Аз моҳи сентябри соли 1971 то майи 1975 муфаттиши ШКД-и ноҳияи Ёвон, аз соли 1975 то соли 1976 сармуфаттиши ШКД-и ҳамин ноҳия, аз моҳи апрели соли 1976 то соли 1986 раиси Суди халқии ноҳияи Ёвон, аз соли 1986 то соли 1988 раиси Суди вилояти Кӯлоб, аз соли 1988 то соли 1990 раиси Суди вилояти Хатлон, сипас аз соли 1990 то соли 1993 аз нав раиси Суди шаҳри Кӯлоб, ҳамин тавр аз соли 1993 то соли 1995 раиси Суди вилояти Хатлон, ба муддати як сол, яъне аз соли 1995 то соли 1996 раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996 раиси Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи октябри соли 1996 то соли 2006 вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар як ҷумла овардани арқоми моҳу солҳо чӣ қадар осон аст, аммо зери ҳар рақам садҳо ҷилд китоб нуҳуфта аст. 

Вазорати корҳои дохилӣ аз нахустин рӯзҳои ташкил ёфтанаш дар таърихи ташаккулёбии Давлати навини Тоҷикистони Шӯравӣ нақши муҳиме бозида, дар ин роҳи ҳазорҳо нафар кормандонашро аз даст додаст. Пас ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон пош хӯрдани системаи Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилоти азиме садди роҳи мардуми тоҷик гардид. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, мақомоти давлатӣ заиф шуд. Ҳар касе ҳам агар дар сохторе фаъолият мекард, бештар суди шахсӣ меҷуст.

Бинобар ин, баробари ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмони ҷавонро мебоист, ки дар интихоби кадрҳо дақиқкор бошад. Ҳамин тавр ҳам шуд, хиради Пешвои миллат сутунҳои давлати Тоҷикистонро устувор намуданд.  

Маҳз дар ҳамин давра Эмомалӣ Раҳмон вазифаи муҳиму калидӣ – вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ба дӯши  генерал – полковник Ҳомиддин Шарифов гузошт.

Замоне ки Ҳомиддин Ҳасанович Шарифовро ба ин вазорати қудратӣ роҳбар таъин намуданд, миллат ҳанӯз захмҳои хуншор дошт, оромии мутлақ вуҷуд надошт ва террору ҷиноят дар авҷ буд. Дуздии моликияти ҷамъиятиву шахсӣ, куштор, ғорат, таҷовуз ва дигар ҷиноятҳо як кори маъмулӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ин ҳангоми 31 октябри соли 1966 буд.

Дар пеши вазири нави корҳои дохилӣ мушкилоти зиёди ҳалношуда меистоданд

Ҳомиддин Шарифов дар кӯтоҳтарин муддат вазъиятро дар вазорат омӯхтаву бо таҷрибаи бузури хеш такя намуд ва ба он вазоифе, ки Роҳбари давлат наздаш гузошта буд, муваффақ шуд. Охирин дастаи ғайриқонуни мусаллаҳи Раҳмон «Гитлер» ба тамом аз байн бурда шуд, ки он амалиёти худ чандин ҷилд асари фоҷеавиро метавонад ба дасти хонандагон диҳад. Муборизаи оштинопазир нисбати нафарони ҷинояткор ва махсусан ҷинояткорони ашаддӣ вусъати тоза ёфт.

Милитсия қурбониҳои зиёде дод, аммо миллат пирӯз гардид.

Вазорати корҳои дохилӣ зери роҳбарии Ҳомиддин Шарифов исбот кард, ки чун ҳамеша мақомоти қударатии барои кишвар зарур мавҷуд аст ва мавҷуд хоҳад монд.

Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ «ҷанги навбатӣ», аммо вазнину тулонӣ шурӯъ шуд. Ин ҷанг муқобили ҷинояткороне, ки ба муқобили маводи мухаддир машғул буданд, сурат гирифту то ҳол идома дорад. Муборизаи оштинопазири мақомоти қудратӣ таҳти супоришҳои Роҳбари давлат алорағми афроди одамҷаллоб шурӯъ шуд. Барои расидан ба ин манзур шуъбаи нав ташкил дода шуд, ки он дар кори аз хориҷа боз овардани тоҷикзанҳои фурӯхташуда ва маҳбус, дастгир намудани афроде, ки ба чунин навъи «Тиҷорат» сарукор доранд, садди роҳ шуданд, тавассути фаҳмондадиҳиву корҳои амали дигар ба муқобили фоҳишагарӣ натиҷаҳои мусбат ба бор овард.

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» як падидаи нав ва саҳифаи тоза дар таърихи милитсияи тоҷик буд. Қонуни нави вазифаю манфиатҳои милитсияро возеҳ баён намуда, ҷавобгӯи вақту замон будани худро нишон дод.

Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати гарони ин фарзанди олиқадри хешро арҷ гузоштаву 19-уми феврали соли 2003 эшонро бо яке аз олитариин мукофотҳои Ватан ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ намудаанд. Аммо мукофоти беҳтарин ҳамоно боварии халқу Ватанро ба даст овардан аст.

Ҳомиддин Шарифов дар тарбияи фарзандон низ муваффақ шудааст ва онҳо дар хизмати халқу ватананд: Шарифзода Аҳлиддин – полковники корҳои дохилӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон, Шарифзода Фаррух – сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон, Шарифзода Рӯҳафзо – подполковники хизмати дохилӣ, сардори шуъбачаи Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифова Рухшона – майори адлия, нотариуси калони давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Шарипова Рудоба – майори адлия, судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, Шарифов Фируз – директории Демартаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон, Шарифова Азиза – дорандаи маълумоти олӣ, айни ҳол хонашин Шарифзода Бузургмеҳр – капитани корҳои дохила, сароператори шуъбаи шаҳраки бехатарии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифова Омина – дорандаи маълумоти олӣ, айни ҳол хонашин.

Ҳомиддин Шарифов 29-уми августи соли 2007 аз олам даргузашт.

Ёдаш ба хайр!

Иноят Адолатов,  Аълочии фарҳанги ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *