Шаҳварашро бо табар зада кушт
Ҳодисаи нангин дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ рух додааст. Зани ҷавон ба гумони одамкушӣ дастгир шуд
Боз нашунидам, нагӯед, охир ҳамон мақоли “занро зан агар намурад ба табар зан” маълум шуд ки нодуруст будааст. Медонед чаро? О, дар ноҳияи Ҷалолиддини Баклхӣ зан исбот кард, ки мардро зан, агар намурад бо табар зан гуфта, мардакашро табаршап карда очаи зорашро нишон додааст. Яъне чунон бо табар задааст, ки мардаки бечорааш ҷон ба ҷонофарин супорида, занаки “меҳрубон”-ро бо ҷурми куштор мақомоти дахдор боздошт намудаанд. Кӣ, медонад ин завҷаи “меҳрубон” чанд солро ба ёди шавҳар дар кунҷи маҳбас паси сар мекарда боша? Ба ҳар ҳол оқибаташ ба хайр бошад!
Зани ҷавон дар паи муноқишаи оилавӣ шавҳарашро бо табар куштааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳодисаи куштори даҳшатбор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ки зани 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 18-уми ноябр, тахминан соати 21:50-дақиқа, аз сабаби муноқишаи оилавӣ шавҳараш марди 40-солаи сокини ҳамон ҷоро, бо табар 4-маротиба ба сараш задааст.
«Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст», — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ