Шаҳзодаи Самарқандӣ: Миллатсозӣ бидуни адабиёти қавӣ намешавад!
Нависанда Шаҳзодаи Самарқандӣ нахустин адиби тоҷик аст, ки дар Амрико нишастҳои адабӣ баргузор намуд. Ӯ давоми се ҳафта дар Донишгоҳҳои Сиэтл, Ню Ҳейван Вашингтон, Бостон ва Ню Йорк бо хонандагони амрикоӣ суҳбатҳо доир намуд ва романи “Замини модарон”-ашро муаррифӣ кард. Дар бораи ин сафар бо Шаҳзодаи Самарқандӣ суҳбате оростем.
— Шаҳзодабону, шумо аз сафари Амрико баргаштед. Дар ин кишвар вохӯриву суҳбатҳои шумо бо хонандагони амрикоӣ баргузор шуданд. Барои хонандаи мо дар бораи ин сафар бигӯед.
— Румони “Замини модарон” бар асоси хулосаи мунтақидони барҷастаи Амрико, ки ба таври пӯшида (аноним) китоберо баррасӣ ва интихоб мекунанд, ба унвони адабиёти муҳим дар мавзӯи пасоистеъморӣ, муҳити зистӣ, феминистӣ ва осебҳои наслии Осиёи Миёна шинохта шуд ва дар интишороти Донишгоҳи Индионо ба ҷоп расид. Ба ин баҳона се ҳафтаи пурбарномае доштам дар шаҳрҳои Сиэтл, меҳмони нависандаи вежа дар Донишгоҳи Вошингтон будам, дар Ню Ҳейвен меҳмони нависанда дар Донишгоҳи Йел, дар шаҳрҳои Бостон ва Ню Йорк низ бо даъват ва пуштибонии молии донишгоҳҳои номбурда вохӯриҳо баргузор намудем ва ҳамин тавр меҳмони Конвенсиюни Мутахассисони Таҳқиқоти Авруосиё ва Осиёи Миёна дар Бостон будам.
— Шумо нахустин нависандаи тоҷик ҳастед, ки дар Амрико чунин вохӯриву суҳбатҳо гузаронидед. Шуморо хонандаи амрикоӣ чӣ гуна қабул кард?
— Дар тамоми ин донишгоҳҳое, ки суханронӣ доштам, ҳамчунин, барномаҳои рӯнамоии румони “Замини Модарон” барпо шуд, ки дар тарҷумаи Шелли Фервезер Вега ба забони инглисӣ чоп шудааст. Мухотаби инглисизабон алоқа ва кунҷковии беназире нисбат ба адабиёти пасошӯравии тоҷик нишон доданд ва беш аз ҳама дониши онҳо аз адабиёти даврони шӯравии тоҷик бароям шигифтангез буд. Далели он ҳам дар он аст, ки дар бахши Авруосиё ва Осиёи Миёнаи донишгоҳҳои муътабари Амрико аз адабиёти Осиёи Миёна тадрис мешавад ва онҳо намунаҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷикро ба хубӣ мешинохтанд ва алоқа доштанд бо адабиёти се даҳаи ахири тоҷик бештар ошно шаванд. Алоқа ва кунҷковии онҳо аз рӯйдодҳои истисморгаронаи даврони шӯравӣ ва пасошӯравӣ ба ақвоми Осиёи Миёна қобили таҳсин буд. Ҳарчанд суҳбат дар ин ҷаласаҳо ва ҳам нақдҳои ба забони инглисӣ мунташиршуда дар бораи “Замини Модарон” аз он гуфта мешуд, ки аз адабиёти кунунии тоҷик ва ӯзбек мутаассифона кам матлаб дар даст доранд. Аз ин ки китобро бо алоқа хонда буданд ва нусхаҳои бештаре мехариданд бо имзои нависанда, ки ба унвони ҳадяи соли навӣ ба дӯстону аҳли хонаводаашон бидиҳанд, бароям дилгармкунанда буд. Аз вазъияти сонсур, чопи китоб ва шароити ҳирфаии аҳли адабиёти тоҷик чи дар Тоҷикистон ва чи дар Осиёи Миёна мепурсиданд ва бахусус аз вазъияти тоҷикон дар Ӯзбекистон ва ба вежа дар Самарқанд, ки зодгоҳи ман аст. Бисёре аз касоне, ки дар барномаҳо ҳузур доштанд, ба навъе мутахассис ё сафаркарда ба Осиёи Миёна буданд.
— Оё амрикоиҳо дар бораи адабиёти тоҷик медонанд ва умуман тоҷику тоҷикистониро мешиносанд?
— Бале аз адабиёти тоҷик аз исмҳои Садриддин Айнӣ ва Ҷалол Икромӣ чандин бор шунидам ва асарҳои ин ду нависандаро хонда ва шунида буданд. Бахусус дар ин ҷаласаҳо мутарҷимони тахассусӣ низ ҳузур доштанд, ки назари маро дар бораи забони ин асарҳо ва мавқеияти имрӯзии онҳо дар байни тоҷикон мепурсиданд. Дар бахши Авруосиё ва Осиёи Миёна аз намунаҳои фишурдаи осори даврони шӯравии Тоҷикистон омӯзиш дода мешавад ва ба тозагӣ як маҷмуа аз намунаи адабиёти даврони шӯравии Осиёи Миёна низ ба чоп расида буд. Адабиёте, ки дар мадрасаҳои Осиёи Миёна вориди барномаҳои омузишӣ аст. Аммо дар бахши вижаи пасоистеъмор, ки дар Ғарб як бахши муҳиме аз адабиёти муқовимат дониста мешавад аз адабиёти тоҷик намунае дар даст надоштанд ва румони “Замини Модарон”-ро тақрибан ҳамаи устодҳои адабиёти ин донишгоҳҳо ба унвони маводи омӯзишӣ ва намунаи адабиёти тоҷик интихоб карданд, ки омӯзиш бидиҳанд ва дунболи намунаҳои бештар ҳастанд. Ба назарам бахши Осиёи Миёнаи ин донишгоҳҳо нисбат ба бахши Авруосиё ҷавонтар аст ва тоза дар ҳоли шакл гирифтан ва таваҷҷуҳи зиёд барои густариши ин бахш ҳаст. Иттиҳодияи Мутарҷимони Амрико низ дар ҳоли тарбияи мутарҷимони ҷавон аст, ки адабиёти Осиёи Миёнаро ба хонандагони инглисизабон муарифӣ кунанд ва онҳо бо донишгоҳҳо ҳамкории танготанг доранд ва адабиётро бисёр санҷида ва бодиққат барои тарҷума интихоб мекунанд. Чандин нафар аз ин мутарҷимони ҷавон, ки забони форсии тоҷикиро ба хубӣ суҳбат мекарданд, омада буданд ва алоқа ва пурсишҳои худро баён мекарданд.
Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Кристин Форт мутахассиси адабиёти Осиёи Миёна румони “Замини Модарон”—ро бар асоси ҳафт роҳи тариқати суфизм баррасӣ кард ва онро бар асоси се қаҳрамони асосии румон ва сӣ қаҳрамони дараҷаи дуввум баррасӣ намуд. Ин диде буд, ки ба унвони нависанда ба он огоҳ набудам. Кристен Форт аз мутахассисони аршади адабиёти форсии тоҷикӣ аст, ки бештар аз мо дар фазои фаротар аз адабиёт суҳбат мекунад.
Аммо Самуэл Ҳодҷкинг, профессори Донишгоҳи Йел, ки лутфи зиёд барои «Замини Модарон» қоил шуд ва гуфт, ки ин румон болотар аз он чӣ аст, ки мо аз замин ва сӯистифодаи мағзии башарӣ медонем ва онро бо се забон, ҳам тоҷикӣ, матни форсӣ ва ҳам русӣ дар муқоиса қарор дод ва тафовутҳои забониро дар Конвенсиюни Бостон (Boston ASEEES 2024 Convention) ба саҳми умум расонд. Ӯ гуфт ин матни нафис ва ин замони нозук дар адабиёти тоҷик бесобиқа будааст ва бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Ӯ ишора ба он дошт, ки мо тоҷикҳо ҳанӯз мутарҷими ҳирфаӣ ба забони инглисӣ надорем ва румони «Замини Модарон» аз рӯи тарҷумаи русии он сурат гирифтаааст.
— Ба назари шумо нависандагони тоҷик бояд чӣ гуна нависанд, ки дар Аврупо ва Амрико хонанда пайдо кунанд?
— Адабиёти асил дастурӣ ё бар асоси қоидаи хосе нест. Барои он ки адабиёте ба ҷаҳони хориҷ роҳ ёбад, аввал бояд дар ҷомеаи худ ҷойгоҳи муҳим пайдо кунад. Забону баёни фардӣ дошта бошад, садои мутафовит ва шикастани марзҳои сонсури давлатӣ ва худсонсуриро рад карда бошад, шикастани тобуҳое, ки адабиётро камранг ва пажмурда мекунад. Ин аз қавонини аввалияи ҷаҳонӣ ва ё фаромиллӣ шудани як асари адабӣ ё ҳунарӣ аст. Аз сӯи дигар тарбияти ноширони ҷавоне, ки адабиёти пасоистиқлоли тоҷикро шакл бидиҳанд, муҳим аст. Барои интихоби садои камёб ва таксири адабиёти муҳим ва эҷоди бозори китоб, ки ҳам бозори китоб гарм бошад ва ҳам нависанда пуштибонии молӣ дошта бошад, мо ҳанӯз кор зиёд дорем, ки анҷом бидиҳем. Мо чунин шабакаи сармоядоронеро ҳанӯз надорем. Шояд дар оянда пайдо бишаванд чунин сармоягузороне, ки дасти нависандагони боистеъдодро бигиранд ва ё ноширеро ба сари кор гузоранд, ки танҳо адабиёти ноб мунташир кунанд ва ҳам ҳақи қалами нависанда пардохт шавад. Вақте нависанда нигарони нони шаби худ аст ва ё ҳатто мизи корӣ ё утоқе барои худ надорад, навиштани кори мондагор мушкил мешавад. Ношуданӣ нест, аммо бо машаққати бисёр ба даст меояд. Муҳим достони гиро ва забони орӣ аз калишаҳои такрорӣ аст ва эҷоди фазои масъалаи аслии достон.
Адабиёти ташвиқӣ ва пропоганда ҳам мондагор нест ва худгузару саргармкунанда аст. Адабиёт ва қалам дар марҳалаи аввал бояд қавӣ бошад ва муҳим нест, ки нависанда зан аст ё мард, балки пеш аз ҳама бояд садои қавӣ дошта бошад ва қомати хами адабиётро бардорад. Коре бошад, ки насли ояндаи тоҷик онро ба даст бигирад ва бигӯяд мо ҳам адабиёти мондагор ва ҳамагир метавонем тавлид кунем. Мо одат дорем бо клосикҳои худ бинозем, дар ҳоле ки садои дарунии мардум имрӯз ба бозгӯӣ ниёз дорад ва миллатсозии мо бидуни адабиёти асил корест номумкин. Нигаронӣ ва ё тарс аз ҳақиқати талхи рӯзгори мо боиси тангии фазои нависандагон шудааст, ки боиси нигаронист. Мо бояд истиқлолро намоишӣ ва сохтакорона тарсим накунем, балки ҳар кадом истиқлоли баён ва гуфтори худро дошта бошем, чун ҳамаи мо бо ҳам миллат ҳастем, на як ё ду ва на пароканда ва бар зидди ҳам…
— Дар суҳбату вохӯриҳо хонандаи амрикоӣ бештар ба шумо кадом суолҳоро медод? Яъне аз як нависандаи тоҷик чиҳоро донистан мехостанд?
— Мепурсиданд, ки ин ҳама озодии баёне, ки дар китобҳои ман хонданд оё дар адабиёти тоҷик роиҷ аст? Манзурашон румонҳои ман буд ва посух додам, ки ман ба ҳар ҳол дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарам ва побанди ҳеч навъ сонсур нестам. Мепурсиданд, ки чиро китобҳоям дар Ӯзбекистон, зодгоҳам мунташир намешаванд? Ё ба кадом забонҳо тарҷума шудааст? Оё ба Осиёи Миёна сафар мекунам ё хайр? Оё худам бо дастонам пахта чидаам? Оё худро ғулом эҳсос мекардам, вақте пахта мечидам? Аз ин пурсишҳое, ки барои хонандаи омрикоӣ ҷолиб аст. Онҳо монополии пахтаи даврони шӯравиро бо давраи ғуломдории Амрико ва кори ройгони сиёҳпӯстон муқоиса мекарданд. Посух додам, ки дастгоҳи пропоганда моро чунон ташвиқ ва мағзшӯӣ метавонад кунад, ки аз кори ройгон ва гушнаву ташна анҷом додаи худ, эҳсоси ғуломӣ на балки эҳсоси қаҳрамонӣ кунем, аз хостани ҳақи аввалияи худ худдрорӣ кунем, чун онро заъф маънӣ медонанд ва тавоноии фардии моро таҳти савол мебаранд. Сармову гармо нагуфта кор мекардем, чун мисли бозии футбол ва ё мусобиқаи байни маҳал ва байни шаҳру маҳал ҳамаро дар баробари ҳам қарор медоданд, то бо ҳашарҳои миллӣ нормаи солона бароварда шавад. Дар чунин шароит ниёзҳои фардӣ дар пеши пои ниёзи аслии ҷамъ ва марказ маҳв ва худ ба худ номуҳим ва саркӯб мешуд… Дастгоҳи пропогандаи шӯравӣ неруи маънавии моро бо дастони худамон тахриб кард, табиати моро сӯистифода кард, Аралро мо бо дастони худ хушк кардем, модаронро ба тавлид кардани аз ҳад зиёд ташвиқ кард, то артиши шӯравӣ қавӣ бошад. Аз сӯи дигар «Замини Модарон»—ро ҳатто бар асоси ҳафт лояи тариқат таҳлил карда буданд ва аз ман мепурсиданд, ки оё бо суфизм ошноӣ дорам? Ман хатмкардаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳастам ва мусалламан аз суфизм ва роҳҳои тариқат аз устоди арҷманд профессор Садрӣ Саъдиев таълим гирифтаам ва таъсири онро дар румонҳоям дидани хонандаи амрикоӣ бароям ҷолиб ва омӯзанда буд. Аз адабиёти мо бештар аз он медонанд, ки мо фикрашро мекунем. Фикр мекунем Ғарб ҷаҳони адабии моро намешиносад, аммо ба маротиб бештар аз бархе аз донишҷӯёни адабиёти мо медонистаанд ва огоҳ будаанд. Аз он мепурсиданд, ки оё «Замини Модарон» бар асоси рӯзгори ман аст? Ва аз ин даст пурсишҳо ки маъмулан аз як нависанда пурсида мешавад, ки ҳамаро намешавад инҷо бозтоб дод…
— «Радиои Замона» навиштааст, ки романи «Замини Модарон»-и шумо дар донишгоҳҳои Амрико тадрис мешавад. Чӣ нукоти ин румон, ки аз рӯзгори занони тоҷик дар нимаи дуюми асри 20 суҳбат мекунад, ба амрикоиҳо ҷолиб шудааст?
— Дар бахши адабиёти муқовимат, муҳитизистӣ, адабиёти феминистӣ ва адабиёти пасоистеъморӣ румони “Замини Модарон” ба унвони намунае аз адабиёти имрӯзии тоҷик дар дасти тамоми мутахассисони адабиёти Осиёи Миёна қарор хоҳад гирифт ва дар номгӯи адабиёти имрӯзии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар китобхонаҳои донишгоҳҳо қобили дастрасӣ хоҳад буд ва ин дастоварди бузургест барои адабиёти тоҷик, ки дар тамоми ин се даҳа натавониста садои худро ба ҷаҳониён бирасонад, ин румон роҳкушо шуд ва алоқаи мавҷудро чанд баробар кард. Аз ин бобат эҳсос кардам коре барои миллат анҷом додам ва аз ин баъд низ идома хоҳам дод. Ман умед бисёр дорам, ки нависандагони дигари тоҷик низ бо намунаҳои беҳтарини осори худ аз ин масир хоҳанд гузашт ва садои то ҳол нашунидаи мардуми моро ба гӯши мухотаби нуктадон ва тахассусии Ғарб хоҳанд расонд. Умед аст, ки ин як шуруъи ҷараёни ҷадид барои адабиёти тоҷик бошад ва мо вориди давраи густариш ва иртиқо шавем ва беш аз пеш кушотар, то битавонем адабиётро аз дасти сиёсат ва тангии иқтисод берун бикашем ва навиштанро ҷиддӣ бигирем ва амиқу расо бинависем аз то ҳол нанвиштаҳо, ки бар мо гузашт ва мегузарад…
— Дар бораи худ бигӯед. Солҳои охир ба чӣ корҳо машғул ҳастед?
— Аз солҳои шуруъ ба кор дар «ВВС»-и форсӣ дар соли 2000 аз шеър фосила гирифтам ва ба наср пайвастам. Дар соли 2002 вақте ба Ландан кӯчидам, аввалин вебблоги тоҷикиро навиштам бо унвони «Самарқанд Малакут», дертар ҳангоми ҳамкорӣ бо «Радиои Замона» ва кӯчидан ба Ҳолланд, аввалин романи худро навиштам бо унвони «Стокҳолм» ва аввалин китоби савтии тоҷикиро ба сабт расондам ва он ҳамин румони «Замини Модарон» буд, ки то ҳол ба чандин забон тарҷума ва мунташир шудааст. Дар Қоҳира бар асоси он ду нафар унвони доктори адабиёт гирифтаанд ва қарор аст моҳи майи оянда ба забони арабӣ низ мунташир шавад. Румони “Сармаддеҳ”—и шодравон Баҳманёрро ҳам ба форсӣ ба чоп расондам ва ҳам бахшҳое аз онро ба таври савтӣ хондаам ва бар асоси ин румон низ корҳои илмӣ дар Қоҳира анҷом шудааст. Дар Ҳолланд барномаҳои адабии “Шабҳои Самарқанд”-ро барпо мекардам, ки то даврони Куруно фаъол буд ва пас аз он мутаваққиф шуд. Дар он аз аҳли фарҳанги форсизабон даъват мекардам ва аз фазои адабиёти форсии тоҷикӣ суҳбату шабнишиниҳо барпо мекардам. Ҳудуди як сол аст, ки ба шаҳри Лоҳа (Ден Хаҳ), пойтахти Ҳолланд кӯчидаам ва ҳудуди ҳашт сол аст, ки танҳо шаҳрвандии ин кишварро дорам. Забони ҳолландӣ омӯхтам ва дигар дар Амстердами пуррафтуо зиндагӣ намекунам. Дар ҳоле, ки дар он сарусадо панҷ румон навиштам: «Сандроми Стокҳолм», «Замини Модарон», «Регистон», «Бозгашт ба Бухоро» ва «Маликаи Саразм»… Пас аз бозгашти Толибон ба Афғонистон аз расона фосила гирифтаам ва бештар машғули мутолеа ҳастам ва менависам.
Мусоҳиб:
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ