Шаҳиде дар шеър
Шаҳриёр Олимӣ зодаи рустои Каздони ноҳияи Айнӣ буда, 1-уми апрели соли 1993 дида ба олам кушодааст. Соли 2010 ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 хатм кардааст.
Шаҳриёр Олимӣ зодаи рустои Каздони ноҳияи Айнӣ буда, 1-уми апрели соли 1993 дида ба олам кушодааст.
Соли 2010 ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 хатм кардааст.
Шеърҳояш дар нашрияҳои «Нури зиндагӣ», «Ба қуллаҳои дониш», ҳафтаномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт», «Оила» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» пайи ҳам нашр шудаанд.
Маҷмӯаи нахустинаш соли 2015 бо номи «Хомаи мерос» ба нашр расидааст.
Шаҳриёр ҳамчун аспирант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кори илмӣ машғул буда, наздики 40 мақолаи публитсистиву оммавӣ ва илмиаш дар матбуоти даврӣ интишор шудааанд.
М А Р Г И Ш Е Ъ Р
(Ба падари шаҳидам Махсум Олимӣ бахшида мешавад)
«Падарам шоир буд» ,
Шоири кишвари ғам,
Шоири кишвари худ …
Ва ғуруре будаш,
Ҳамчу кӯҳи ватанаш
Ва дами шодиҳо,
Гаҳ ба тайёраи ишқ
Ошиқонро ба тамошо мебурд…
Ва ду-се сол зи Донишкадаи Ишқ
сабақ ҳам бигрифт.
То ба рӯзе, ки бирафт
бандагӣ пеша намуд,
Бандаи соғар буд.
Соғаре буд, ки дар он «акси рӯхи ёр»-аш дид,
Мо ҳама бехабар аз «шурби мудом»-аш будем.
Бехабар ҷангу ҷидолаш карда
Ва бигуфтем:
Дигар бода нанӯшӣ,
нашавӣ масти ҷунун,
Ки ҳама мардуми дун,
Як сабад ханда бароят дорад…
Ҳолиё дар дили мо,
хона-хона алам аст,
Бонги афсӯс дигар беохир,
Ки дигар суде нест!!!
Ӯ дигар нест
миёни ману мо,
Ӯ шаҳиде шоир,
Ӯ шаҳиде дар шеър,
Ӯ шаҳиде дар ишқ…
Ва агар он ки ба ӯ дошт
даме ҳамнафасӣ,
Мебидонад, ки самимиву
заминӣ ҳам буд…
Ва пасин рӯз
адӯ тири ғазабро ба сари ӯ мезад*,
Бегумон ханда ба дил дошту
шодӣ мекард…
Ин аён аст барои ҳама кас,
Ки набудаш ба касе буғзу ҳасад…
Ва табассум дар лаб,
Рафт аз олами фонӣ
ба само…
Ва ҳанӯз,
Зи ғами маргашу
шеъраш, ки буд
оғӯштаи анвори кӯҳистони азиз!
Нола дорад куҳсор…
Тифли Андӯҳ таваллуд шудаву
хоҳад мурд.
Алам аз ҳар тарафе
забти дили мо дорад…
Кулбае сохтам аз оҳ дигар,
Оҳ, бе ту дигарам нест
тавоне, дигар,
Ки мубориз бишавам,
лашкари ғамро шиканам,
Бар сари он ки туро кушт,
Қарасҳо бизанам…
Бешаке, наздик аст,
Ки маро марги ту
мемиронад
Ва маро марги ту
мегӯронад…
*Мисраъ аз Муҳиддин Аминзода аст.
АЗ ЁД МЕБУРДАМ
Агар бо ман набудӣ, хобро аз ёд мебурдам,
Шабона ҷилваи маҳтобро аз ёд мебурдам.
Агар ёрам нагуфтию нахондӣ бо ман ашъорат,
Ғазалҳои наҷибу нобро аз ёд мебурдам.
Намекардӣ агар бо ман нигоҳи ғамгусорӣ беш,
Сипосу эҳтиром, одобро аз ёд мебурдам.
Агар изне намедодӣ ба базми пайкари сабзат,
Аз истинтоқи ғамҳо шобро аз ёд мебурдам.
Хумори ташнагиямро шикастӣ ар шаби васлат,
Шикасти ташнагӣ аз обро аз ёд мебурдам.
Намеомӯхтӣ ёрӣ агар бо Шаҳриёри ишқ,
Бидуни меҳри ту меҳробро аз ёд мебурдам.
ИШҚИ ҒУРАМАРГ
Бӯсаҳо рӯи лабонам сӯхтанд,
Ашкҳо дар дидагонам сӯхтанд.
Лаҳзае гуфтам бигирам номи ту
Ҳарфҳо ҳам бар забонам сӯхтанд.
Баъди он ки ишқи мо шуд ғурамарг,
Ормонҳои ҷавонам сӯхтанд.
Ними ноне бе ту хӯрдам, ай дареғ,
Пораҳояш дар даҳонам сӯхтанд.
Баъди ту аз оташи чашми ҳазин,
Панҷаҳои мижагонам сӯхтанд.
Ҳамраҳи авроқи ёди шоди ту,
Лаҳзаҳои ҷовидонам сӯхтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ