Шаҳноза Ҳамдамова: Мо маҳсулоти хушсифату арзонро пешкаши муштариён месозем!

Агентии рекламавии “Тайрон” дар ҳамдастӣ бо ҳафтаномаҳои бонуфузи кишварамон “Рекламная газета” ва “Оила” рӯзҳои 4, 5 ва 6-уми май дар Кохи Борбад дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017” намоиш ва фурӯши маҳсулоти хушсифати ватаниро баргузор намуда, барои тамоми сокинони пойтахт иди ҳақиқӣ ташкил карданист.

Суҳбати мо бо директори Агентии рекламавии “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова ва роҳбари  лоиҳа Қодирова  Нигора  дар атрофи “сюрприз”-ҳои ярмаркаи мазкур аст.

-Соли чорум аст, ки бо ибтикори шумо лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” роҳандозӣ мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин лоиҳа дар чист?

Шаҳноза:-Мо аз  ин лоиҳа 3 ҳадаф дорем. Якум: Тоҷикистони мо солҳои охир дар ҷодаи иқтисод қадамҳои устувор гузошта истодааст. Далели ин гуфтаҳо рӯз то рӯз афзудани шумораи корхонаҳои калон, хурд ва миёнаи истеҳсолӣ дар кишварамон аст. Бо воситаи ҳамин лоиҳа мо мехоҳем соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ ва молу маҳсулоташонро тарғиб намоем. Дуюм: Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дар байни соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ рақобатро ба вуҷуд меорад. Вақте рақобат шадид мешавад, тамоми соҳибкорону истеҳсолкунандагон барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ва сифати молу маҳсулоте, ки пешкаши мардум месозанд, ҷон мекоҳонанд. Ва ниҳоят  сеюм: ин лоиҳа ба нисбатан пасттар шудани нарху навои молу маҳсулот дар бозор мусоидат мекунад. Дар замони буҳрони иқтисодӣ, ки имрӯз саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, ин як кори хайру савоб аст дар ҳаққи мардум.

-Намоиш ва фурӯши маҳсулоте, ки имсол мегузаронед, аз ярмаркаҳои солҳои пешин чӣ фарқ дорад?

Нигора:-Солҳои пешин дар ярмаркаҳое, ки дар доираи лоиҳаи мазкур барпо мегаштанд, асосан маҳсулоти хӯрока ба фурӯш бароварда мешуд, имсол мо ин қолабро шикастем. Рӯзҳои 4, 5 ва 6-уми май ба Кохи Борбад омада, муштариён метавонанд лавозимоти гуногуни рӯзгорро пайдо намоянд. Нафароне, ки хона ё коргоҳашонро таъмир карданиянд, метавонанд аз ярмаркаи мо бо нархҳои арзон маҳсулоти сохтмонӣ-кафел, панел, дару тиреза, сантехника, қандил, фурӯзонакҳои гуногун, лавозимоти дизайни хона, дастгоҳҳои технологӣ ва ҳатто камераҳои назоратӣ харидорӣ намоянд. Бори аввал дар ярмарка ширкатҳои сохтмонӣ иштирок карда, тарҳҳои аҷибу зебои хонаҳои хушсохти замонавиро ба маърази тамошо мегузоранд.

 -Дар ярмарка ба ғайр аз маҳсулотҳое, ки шумо номбар кардед, боз чиҳоро пайдо кардан мумкин аст?

Шаҳноза:-Маҳсулоти ширӣ аз қабили шир, ҷурғот, чолоб (дўғоб), қаймоқ, кефир, сметана,  творог, панир, яхмос, маҳсулоти гўштӣ-ҳасибҳои буғиву дуддодашуда, ҳасибча, гӯшти мурғ, қаннодиҳо аз қабили кулчаҳои қандин, вафлӣ, қанду конфет, нӯшокиҳои гуногун, шарбатҳои мевагӣ,  консерва, равғани растанӣ, тухм, асал ва ғайра…

-Шахсоне, ки кӯдакони хурдсол доранд, имкони аз ярмаркаи шумо баҳравар гаштанро надоранд, зеро….

Нигора:-Шумо хато мекунед! Мо ғами бачаҳоро низ хӯрда, дар ин ярмарка барои кӯдакон растаи махсус ташкил кардем. Дар он марказҳои дилхушии кӯдакона аз қабили “Мадагаскар” ширкат варзида, хотири хурдтараконро бо бозиҳои шавқовар шод месозанд. Волидон ҳамчунин метавонанд аз ярмаркаи мо барои кӯдаконашон асбобҳои хониш ва маҳсулотҳои пурғизою сервитаминро пайдо созанд.

-Фарз кардем, ки ман ба ярмарка омадам ва баногоҳ вазъи саломатиам  дигар гашта, худро бад ҳис кардам…  

Шаҳноза:— Аввалан, саратон  дардро набинад (табассум менамояд), вале агар авзои саломатиатон дар намоишгоҳ дигар шуд, ташвиш накашед, мо ин тарафи масъаларо низ фикр карда баромадем. Дар ярмаркаи мо ширкатҳое, ки ба фурӯши доруворӣ машғул буда, иҷозатномаи расмӣ доранд, иштирок менамоянд ва ба ҳар дард даво меёбанд.

-Озмун озмун аст ва хоҳ-нохоҳ дар он яке ғолибу дигарӣ мағлуб мешавад. Ғолибонро кӣ муайян месозад?

Нигора:-Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017” тули се моҳ боз тариқи ҳафтаномаҳои “Оила” ва Рекламная газета”, ҳамчунин сомонаҳои rg.tj ва Tajikistontimes.tj тарғиб шуда истодааст. Ғолибонро худи мардум бо роҳи овоздиҳӣ тариқи анкета интихоб мекунанд. Санаи 6-уми май мо ғолибони озмунро расман эълон намуда, дар вазъияти тантанавӣ дар меҳмонхонаи  “Ҳайат Риҷенси“  ҷоизаи ифтихории “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”-ро ба онҳо месупорем.

Дар охир ба хонандагони ҳафтанома чӣ гуфтаниед?

Шаҳноза:-Гуфтаниям, ки шанси худро аз даст надода, ҳатман рӯзҳои 4, 5 ва 6-уми май аз соати 10-00-и субҳ то 16.00-и бегоҳ ҳатман вақт ёфта ба Кохи Борбад биёянд ва аз намоиш ва фурӯши маҳсулоти “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дидан карда, молу маҳсулоти лозимиашонро бо нархҳои нисбатан арзон харидорӣ намоянд. Мо ба сифати баланди маҳсулоте, ки дар ин рӯз ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешавад, кафолат медиҳем!

-Саломат бошед!

Фирӯза Сатторӣ

Рустам Азимов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *