Шаҳрҳои зеботарини дунё

Ҳар як мавзеи аҳолинишин хусусиятҳои худ, таърих, меъморӣ ва ҷойҳои диққатҷалбкунандаи худро дорад, ки яке аз дигаре бартарият доштанашро ҷудо кардан мушкил аст. Лекин баъзе аз онҳоро сайеҳон дар алоҳидаги баҳодиҳи мекунанд. Бинобар ин баъзеи онҳо тавонистанд, ки зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон нуфузи зиед дошта бошанд, ки мо шуморо бо онҳо ошно менамоем.

Агар кас маротибае аз Дубай дидан карда бошад ҳам, таассуроти худро оиди ин шаҳр пинҳон карда наметавонад. Дубай шаҳри аҷиб боҳашамат, ғайриоддӣ ва олиҷаноб дар байни биебон бунед шудааст. Он калонтарин шаҳр дар Аморати Муттаҳидаи Араб аст, ки рӯз аз рӯз рӯ ба тараққи ниҳода зебо мегардад. Дар байни регҳои биебон шумо ҳамаи инро дида метавонед: Истироҳатгоҳҳо бо майдонҳои лижаронӣ, аквариумҳои азим бо даҳҳо ҳазор моҳиёну ҳайвонҳо, биноҳои осмонбӯс.

 Венеция. Италия. Ки касе нест, ки доири ин шаҳри зебо, ки дохили об бунед гаштааст нашунида бошад. Шаҳри бузург ва боҳашамати Венеция бо қалъаҳои зебою офаридаҳои меъморӣ машҳур аст.Тасвиру таҳлил намудани зебоии ин шаҳр ғайри имкон аст.

  Венеция дар асрҳои 15-18 сохта шуда 120 ҷазираро дар бар мегирад,ки бо 400 пул бо ҳам пайваст мешаванд.

 

Сан-Франциско. ИМА. Штати Калифорния. Ин шаҳр дар соҳили уқёнуси Ором ҷой гирифта, бо бузургиву зебоӣ назаррабои менамояд ва номи «Марвориди соҳилҳои ғарбӣ»-роҳ гирифтааст. Ин шаҳри зебо 40 минтақаро дар бар мегирад, ки яке ба дигаре монанди надорад ва махсусияти хешро дорост.

 

  Лондон. Бритониёи Кабир.

  Лондон яке аз шаҳрҳои қадимтарин ва аз ҷиҳати бузургӣ дар Аврупо ҷои дуюмро ишғол менамояд. Агар боре аз шаҳри дилрабо ва мафтункунанда дидан намоед онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳед кард. Ин шаҳри бузурги тиҷоратӣ ва бандарӣ дорои қадимтарин роҳи зеризаминӣ дар ҷаҳон мебошад.

  Будапешт. Венгрия.

  Аз Будапешти афсонавӣ метавонед дар ҳамаи фаслҳои сол дидан намоед, чунки он бо садҳо ҷойҳои тамошобоб, иқлими нарм, қасрҳои аз рӯи муди барокко сохта шуда, зеботарин ибдатгоҳҳо ва мардуми меҳмоннавозаш шуморо ба ҳайрат меорад.

  Гонконг.Чин

  Ин шаҳри зеботарин дорои биноҳои баландошёна ва осмонбӯс аст. Хуб мешуд, ки ин шаҳрро аз баландии парвози парандагон тамошо кунед. Шабона Гонконг шукӯҳу шаҳомати хосаи хешро дорад: бо миллионҳо чароғакҳо, навиштаҷотҳои неонӣ, шамъчароғу иллюминацияҳо. Ҳар шаб соати 8:40 бинои баландошёна бо чароғҳои ҳарранга худнамои мекунанд. Хуб мешуд, ки онҳоро бо чашми худ бубинӣ.

  Истамбул. Туркия-ин шаҳри қадима ва яке аз бузургтарин дар дунё бо ёдгориҳои хеле зиёд дар сарҳади Аврупо ва Осиё ҷойгир аст, ки дар ин ҷо Баҳри Сиёҳ ва Мармарӣ бо ҳам во мехӯранд. Шаҳр хеле босуръат тараққӣ мекунад ва гуногунрангии ду фарҳанг Аврупоӣ ва Осиёиро дар худ инъикос кардааст. Истамбул арзишҳои таърихии зиёдро ҷамъ кардааст ва бешак бойтарин ва зеботарин шаҳри ин минтақа аст.

 

  Чикаго, ИМА, иёлоти Иллинок-ин шаҳри болидарӯҳи ва оромист, ки аз худ танҳо ҳиссиёту хотираҳои хушро боқи мемонад. Онро шаҳри дуруст ва бисёрҷабҳа бо биноҳои осмонбӯси зиёд меноманд, ки аз байнаш дарё ҷорист.Чикаго ҳамчун маркази санъат ва муҳимтарин маркази савдои ҷаҳон шинохта мешавад.

 

  Шанхай,Чин-ин шаҳр аз ҳама азимтарин ва тараққи кардаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Биноҳои осмонбӯс ва марказҳои савдои ҳайратовар,биноҳои меъмории қадима ва казино. Ин ҳама бо як тарҳи зебо бо ҳам алоқамандӣ доранд. Дар Шанхай бисёр мавзеҳое ҳаст, ки ақалан як бор дар умрат аз он дидан намоӣ, ба ин шаҳр гаштаву баргашта омадан мехоҳи.

  Ню-Йорк, ИМА

  Ню-Йорк аз ҳама шаҳри машҳуртарин дар тамоми сайёра мебошад. Шаҳри мазкур бисёр макони бузург ва зебо бо гулгаштҳо ва баландошёнаҳои дилнишин мебошад. Нисбати ин шаҳр ҳеҷ кас бе тафовут буда наметавонад. Ню-Йорк касро ба худ шайдо ва мафтун месозаду ба ҳайрат меорад.

  Шавен. Марокко.

  Шаҳри осмонии Шавен бо рангҳои гуногун назаррабо аст. Аз нуқтаи назари меъморӣ шаҳр хеле зебо сохта шудааст. Он ба ранги кабуди осмони гӯё ғарқ аст.

 

 

  Париж, Фрация

  Шаҳри таърихӣ ва маданӣ бо мавзеъҳои бузурги тамошобоб аз қабили пулҳо, майдонҳо ва ҳатто кӯчаҳо маъмул аст. Париж маркази ҷойҳои таърихист: Дар ин шаҳри зебо аз садҳо театру осорхонаҳо ва кинотеатр, мусаввараву галерияҳо дидан кардан мумкин аст. Мавзеъҳои таърихиаш чун Манораи Эйфил, Триумфалная арка, Лувр ва дигарҳо ҳамасола ҳазорҳо сайёҳонро аз гӯшаву канори дунё ба ин шаҳри ишқ мекашонад.

  Кейптауп, Африқои Ҷанубӣ-ин зеботарин мавзеъи сайёра дар соҳили уқенуси Атлантика ҷой гирифтааст. Дар бораи зебоии табии ва ҷойҳои тамошобоби ин шаҳр гуфтаниҳо зиёданд, ва хуб аст, ки сайёҳон аз ин дидан намоянд. Дар баробари зебоии табиӣ ин шаҳр аз ҷиҳати маданият ва саноат тараққӣ кардаву замонавӣ мебошад.

Бюргерг, Белгия.

  Шаҳри қадимтарин ва бузург аст. Он аз ҳама ҷабҳа дилрабо аст. Ин зебоиҳоро дар соҳилҳои сабзу ором, мавзеъҳои қадимию азим, пулҳои фурӯхамида, рӯдҳои ором дидан мумкин аст.

  Санкт-Петербург, Россия.

 Шаҳри бандарӣ ва маданӣ, ки дар соҳили баҳри Балтик ҷой гирифтааст. Дар шаҳр ҷойҳои дидани бисёранд. Санкт-Петербург  таърихи бой дошта ва санъати баланди меъморӣ дошта ба ҳисоб меравад.

  Амстердам, Нидерландия.

  Ин шаҳр дорои таърихи тиллои аст. Бинанда мафтуни хонаҳои афсонавӣ, ибодатгоҳҳои азим,осорхонаҳои машҳур,театрҳои эҷодӣ мегардад.

 Прага,Чехия.

  Ба шаҳр аз нигоҳи аввал мафтуну шайдо мегардӣ, дар тасвири ин шаҳри қадимаи Аврупо сухан ёфтан душвор аст. Ин шаҳр дар баробари маркази асри миёнагӣ бо гунбазҳои тиллоӣ буданаш боз шаҳри ҳозиразамону ҷавон низ ба ҳисоб меравад.

  Афина, Юнон— маркази тамаддуни Юнони Қадим ба ҳисоб меравад. Барои дидани ҷойҳои тамошобоб тамаддуни Юнони Қадим ба бинанда якчанд моҳ лозим аст. Афина ба осорхонаи азиме зери осмони кабуд монанд аст.

  Сидней, Австралия.

  Ин шаҳри калонтарини Австралия дар соҳили баҳри Тасманов ҷойгир аст. Ин шаҳри мафтункунандаи осмонӣ, ки бо биноҳои осмонбӯс бунёд гаштааст, маркази иқтисодии мамлакат мебошад. Сидней шаҳри асиркунанда аст.Беҳуда намегӯянд, ки беҳтарин ҷои зист дар сайёра мебошад.

  Берлин, Германия.

  Хеле душвор аст яку якбора зебогиҳои ин шаҳрро қайд кардан. Дар бораи намоишгоҳҳо ва осорхонаҳои машҳури Берлин ҷои гап нест. Ин шаҳри барҳаво серодам ва дилхушкунанда аст.

  Дар бораи шаҳрҳои зеботарини сайёра беохир сухан рондан мумкин аст, зеро ҳар яки онҳо ба худ чизи хосеро доранд, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Мумтоз Бозорбоева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *