Шаҳрдорӣ: Изи дасти тамоми ронандаҳо гирифта шавад.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон Баҳром Сафаров, як ронандаи нақлиёти мусофирбари №25-и шаҳри Душанберо бо иттиҳоми одамкушӣ боздошт кардаанд. Дар пайи боздошти ин ронанда, шаҳрдори Душанбе дастур дод, ки тамоми ронандагони хатсайрҳои пойтахт аз санҷиш гузаронида шаванд. Инчунин дар пайи ин дастур изи дасти тамоми ронандагон гирифта мешавад.

Офоқ Қодириён, сухангӯи РКД дар вилояти Хатлон мегӯяд, Баҳром Сафарови 42-сола бо он гумонбар дониста мешавад, ки як зани 27-соларо нахуст дар нақлиёташ маҳкам карда, баъдан ӯро ба қатл расондааст.

Нисбати Баҳром Сафаров бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишоти он аз ҷониби Додситонии шаҳри Норак идома дорад. Баҳром Сафаров қаблан низ бо иттиҳоми таҷовуз ба номус зиндонӣ шуда буд.

Ҳодисаи дастгир шудани як ронандаи нақлиёти шаҳрӣ бо ҷинояти вазнин дар Душанбе дар чанд соли ахир бесобиқа аст. Шаҳрдории Душанбе низ мегӯяд, ин ҳодиса онҳоро бисёр нигарон кардааст ва дастур шудааст, ки тартиботи қабули ронандаҳо шадидтар карда шавад.

Абдуҳалим Маҷидов, сухангӯи Муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” — ниҳоди назораткунандаи бахши нақлиёти шаҳрӣ аз кори ҷамъиятҳои нақлиётӣ интиқод кард, ки бидуни омӯзиши хуб ронандаҳоро ба кор қабул мекунанд. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “мутаассифона ҷамъиятҳои нақлиётӣ ронандаҳоро ба кор қабул мекунанд, аммо аз тарҷумаи ҳоли онҳо бохабар нестанд. Вақте онҳо хабардор нестанд, баъдан байнашон ин ҳолатҳо пайдо мешавад. Ба ҳамаи роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётӣ супориш шуд, ки як бори дигар фаъолияти гузаштаи ҳамаи ронандаҳоро омӯзанд.”

Ба иттилои масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон”, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки изи дасти тамоми ронандаҳо гирифта шавад. Минбаъд ронандагоне, ки изи дасти худро дар мақомотҳои дахлдор намесупоранд, бар асоси дастури шаҳрдорӣ ба кор қабул карда намешаванд.

Тибқи талабот, ҳоло шахсоне ҳамчун ронанда дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба кор қабул карда мешаванд, ки таҷрибаи 3 соли ронандагӣ дошта, синнашон аз 21 кам набошад ва дорои ҳуҷҷати ронандагии категорияи Д бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *