Шаҳрдори Душанбе: Маданияти шаҳрдориро омӯзед!

 

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри  Душанбе қарор кардааст, ки дар пойтахт гуруҳи муштарак барои тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил карда шавад. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, гуруҳи корӣ дар назди ҳукумати шаҳр ташкил мешавад. Рустами Эмомалӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор кардааст, ки барои ташкили вохӯриҳо ва фаъолияти кори гурӯҳи муштараки таблиғотӣ мусоидат намоянд.

Раиси Душанбе инчунин хостааст, гурӯҳи кории таблиғотӣ ҳар се моҳ дар бораи натиҷаҳои кор ба ӯ ахбор пешниҳод намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *