Шаҳрдори Душанбе: Пойтахтро гулзор кунед!

Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор дар пойтахт 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ эълон кардааст. 

Дафтари матбуоти шаҳрдори пойтахт мегӯяд, ин маърака таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!” “бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт, ниҳолшинониюкабудизоркунӣ, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” роҳандозӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, 150 рӯзи ободонӣ аз 1 феврал шурӯъ шуда, то  27 июни соли 2017 идома хоҳад кард. Дар қарори Рустами Эмомалӣ омадааст, “раисони ноҳияҳои шаҳр (Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ.), КВД таҷрибавии илмию истеҳсолии “Сабзкорӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Халикова Т.М.), роҳбарони корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда дар мавзеъҳои интихобгардида бо ширкати аҳли ҷамоатчигии шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинони-дани ниҳолҳоро ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намуда, раванди ниҳолшинонию кабудизоркуниро пайваста тақвият бахшанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *