Шаҳрдори Душанбе сисола шуд ва Брежнев 111 сола
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари калонии президенти Тоҷикистон, рӯзи 19 декабр 30-сола шуд. Бо расидан ба ин син Рустами Эмомалӣ ҳаққи узвият дар Маҷлиси миллӣ ва ҳам ҳаққи пешбарии номзадиаш ба мақоми президентиро ба даст овард. Бисёриҳо мӯътақиданд, ки агар рӯзе Эмомалӣ Раҳмон аз мақом биравад, ба ҷояш маҳз писараш Рустамро хоҳад овард.
Муҳимтарин санаи моҳи декабр ва нафақат танҳо ин як моҳи декабр барои Тоҷикистон, бидуни ягон шак, рӯзи 19 декабр аст — рӯзе ки Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 30-сола шуд ва қонунан ҳуқуқи узвият дар Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон – ва ҳам ҳуқуқи пешбарии номзадиаш ба мақоми президентиро ба даст овард.
30-сола шудани Рустами Эмомалӣ, тавре ба назар мерасад, охирин мониа – синни писарипрезидентро аз роҳи ҳаракати доираҳои ҳукмрони кунунӣ ба сӯи ҳукумати меросӣ аз байнмебардорад ва ҳаракати Душанберо аз ин масир ниҳоӣ мекунад.
Интихоби чунин шакли гузариш дар се ё чор соли охир авҷ гирифт ва бо тағйири Қонуни асосӣ дарсоли 2016 ва аз 35 ба 30 пойин овардани синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентӣ рӯшан шуд. Валеомодагиҳо ба чунин сенария ягон 7 ё 8 сол, ҳанӯз аз замони донишгоҳро хатм кардани РустамиЭмомалӣ оғоз ёфта, писари калонии президент дар ин чанд сол чандин мансабу мақом– муовинираиси Иттиҳоди ҷавонон, раиси Федератсияи футбол, роҳбарии Хадамоти гумрук ва Агентиимубориза бо коррупсия ва инак 11 моҳ боз мақоми шаҳрдори пойтахт, шаҳри Душанберо таҷрибакард. Коршиносони чӣ тарафдор ва чӣ мухолиф ё мунтақиди ҳукумат ҳадафи ин курсиивазкуниҳои Рустами Эмомалиро дар мақомҳову соҳаҳои гуногун озмудану сайқал додани ҳунари раҳбарии ӯ ва омода карданаш ба курсии падар мешуморанд.
Ба эҳтимоли ғолиб, курсии навбатӣ барои озмоиш ва сайқал додани ҳунар ва тавоноиҳои РустамиЭмомалӣ мақоми раиси Маҷлиси миллӣ – охирин мансаби шаҳрдори собиқ ва ҳамагӣ як сол пешпурнуфузи пойтахт Муҳаммадсаид Убайдуллоев хоҳад шуд. Убайдуллоев зоҳиран ба тақдир алакайтан додааст ва мунтазири рӯзест, ки ин курсиро ҳам ба писари президент бисупорад ва дигар баистилоҳи роиҷ, даврони пирӣ биронад.
Тӯб ҳам дар ин бозӣ пурра дар дасти ҷониби тарафдорони ҳукумати меросист, ки барои расонданиРустами Эмомалӣ ба раҳбарии Маҷлиси миллӣ то куҷо шитоб хоҳанд кард? Оё ин амалро аз ҳаминрӯзи 19 декабр, ки Рустами Эмомалӣ 30-сола хоҳад шуд, шурӯъ мекунанд ваё то соли оянда сабрхоҳанд кард?
Рустами Эмомалӣ соли 1987 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Русияро хатм кардааст. Рустами Эмомалӣ солҳои 2008-2010 ба ҳайси раиси департаменит Кумитаи сармоягузорӣ кор карда, соил 2010 раҳбари раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук таъйин шуд.
Рустами Эмомалӣ соли 2011 ба мақоми муовини раиси Хадамоти гумрук расид ва сазовори унвони генералӣ шуд. Ӯ то кунун ҷавонтарин генерал дар Шӯравии собиқ ба ҳисоб меравад.
Рустами Эмомалӣ моҳи ноябри соли 2013 раиси Хадамоти гумрук ва моҳи марти соли 2015 раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия таъйин шуда, аз ин мақом дар таърихи 12 январи соли ҷорӣ ба курсии шаҳрдори Душанбе рафт.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз соли 2012 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аст. Ӯ ба футбол алоқаи хос дошта, қаблан дар хатти ҳуҷуми дастаи «Истиқлол”-и Душанбе — қаҳрамони кунунии футболи Тоҷикистон бозӣ мекард.
Рӯзи 12 январи соли 2016, вақте касе интизорашро надошт, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдори пурнуфузи Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоевро, ки ҳам қонунан ва ҳам амалан раҳбари рақами дуи Тоҷикистон дониста мешуд, аз мақом барканор кард ва ба ҷои писари калониаш Рустами Эмомалиро овард.
Рустами Эмомалӣ дар мақоми нав аз чанд зовия зери заррабин қарор дошт. Аввал аз ҳама, ба далели писари президент буданаш, ки оё чӣ коре аз дасташ хоҳад омад? Ҳар кореро ки Рустами Эмомалӣ дар Душанбе мекунад, табъан дар маҳофил ва дар байни мардум ҳам бо шаҳрдори қаблӣ Убайдуллоев ва бо ончӣ ки падараш Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи кишвар мекунад, муқоиса мекунанд, то бифаҳманд, ки «тафовут аз куҷост то ба куҷо.»
Сабаби дигари таваҷҷӯҳ ба корномаи Рустами Эмомалӣ ин аст, ки таърихи Тоҷикистони муосир мансабдори баландпояеро дар чунин синни ҷавонӣ ёд надорад. Рустами Эмомалӣ ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ҷавонтарин генерал дар таърихи СНГ шуд, дар ҳамон синну сол ба мақоми раиси Хадамоти гумрук расид, 27 сол дошт, ки ӯро ба курсии раиси Агентии мубориза бо коррупсия бурданд ва инак, дар синни 29 шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон шуд.
Охирин чунин мавриди ба як курсии баланд расидани як нафар дар таърихи навини Тоҷикистон Бӯрӣ Каримов буд, ки соли 1987, дар синни 29, яъне айни синни Рустами Эмомалӣ, вазири роҳи Тоҷикистон ва дар синни 31 алакай муовини сарвазир ва раиси Госплан – яке аз пурнуфузтарин идораҳои иқтисоди Шӯравӣ таъйин шуд ва тайи чандин сол ҷавонтарин вазир нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт.
Аммо ин парвози баланди Бӯрӣ Каримов, ки ӯро проекти Лучинский» меномиданд, дер напоид. Соли 1990, як сол баъди аз мақоми котиби дуюми ҳизби ҳокими коммунисти Тоҷикистон рафтану ба Маскав баргаштани Пётр Лучинский пои Бӯрӣ Каримовро ба ҳодисаҳои хунини февралӣ кашиданд ва ӯ нафақат мансабаш, балки ҳатто аз ҳизби коммунист ронда шуд. Бӯрӣ Каримов баъди он шикаст дигар пурра ба худ наомад ва 25 сол охир дар Маскав ба сар мебарад ва бо мақоми бештар ифтихории раҳбари Шӯрои роҳсозони СНГ, ки аз соли 1995 дарсад дорад, қаноат варзиду имсол алакай 60-солагиашро боз ҳам дар Маскав дар ҳамин мақом ҷашн мегирад.
Вале мисоли Рустами Эмомалӣ аз Бӯрӣ Каримов фарқ мекунад. Рустами Эмомалӣ дар арса нафаре бе пушту паноҳ нест, ки мисли Бӯрӣ Каримов осон хӯрда шавад. Ҳаркӣ бо шаҳрдори нави Душанбе сарбасар шавад, ҳисобаш нафақат бо худи Рустами Эмомалӣ, балки бо падари ӯ — раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст.
Бояд тазаккур дод.ки дар ин рӯз Котиби генералии КПСС Леинид Брежнев низ ба дунё омаддаст ва гар мебуд, ҳоло ба 111 медаромад.Ӯ ҳамчун роҳбари давлати Шӯравӣ 18 сол дар сари ҳокимият буд. Давраи роҳбарии Брежневро сокинони собиқи ин кишвар «давраи тиллоӣ» мегуфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ