Шаҳрдори пешини Теҳрон ба қатл маҳкум шуд

Додгоҳ шаҳрдори пешини Теҳрон Муҳаммад Алии Наҷафиро бо гуноҳи куштани ҳамсари дувумаш ба қатл маҳкум кард.

Хабаргузории «Мизон» 30 июл аз қавли сухангӯи вазорати адлияи Эрон Ғуломҳусейн Исмоилӣ навишт, додгоҳ маълум кард, ки куштор дидаву дониста шудааст. Наҷафии 67-сола барои доштани силоҳи ғайриқонунӣ ба ду сол дар зиндон маҳкум шуд. Аз ҳукмҳо ба Додгоҳи олӣ дар давоми 20 рӯз шикоят кардан мумкин аст.

Ҷасади ҳамсари Наҷафӣ Митро Устодро рӯзи 28 май дар хонааш дар шимолу ғарби Теҳрон ёфтан. Мақомот гуфтанд, ки Наҷафӣ худро ба мақомот таслим карда, гуфтааст, ба далели масъалаҳои хонаводагӣ, ҳамсарашро қатл кардааст.

Зӯроварӣ бо яроқ дар Эрон хеле кам ба чашм мерасад. Бисёрзанӣ аз рӯи қонунҳои исломӣ дар кишвар қонунӣ мебошад. Наҷафӣ соли гузашта пас аз танқид аз ҷониби тундравҳо барои иштирок дар маросиме, ки духтарони ҷавон рақс мекарданд, аз вазифаи шаҳрдори Теҳрон истеъфо дод .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *