Шаҳри Душанбе дар нимсола нақшаи андозро иҷро накард

Дар нимсолаи аввали соли 2016 воридоти андоз ва пардохтҳоро, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  ВМКБ-121,5%, Хатлон-108,9%, вилояти Суғд-104%,  шаҳри Душанбе-94,7% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ -109% таъмин кардаанд.

Имрӯз, 22 июл  дар нишасти матбуотӣ  ба хабарнигорон Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози  назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.

Тибқи иттилои Давлатзода, аз тарафи кормандони Кумитаи андоз дар ин давра санҷишҳо гузаронида шуда, дар натиҷа зиёда аз 4040 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ  машғул шудани шахсони воқеӣ ошкор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *