Шаҳрисабзро аз мероси Рӯйхати фарҳангии ЮНЕСКО берун кардан мехоҳанд

Дар ҷаласаи солонаи Кумитаи мероси ҷаҳонӣ, ки қарор аст, охири моҳи июн баргузор шавад, тасмим хоҳанд гирифт, ки Шаҳрисабзи Ӯзбекистон дар Рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО мемонад, ё не. Дар ин бора мутахассиси олмонӣ дар умури ҳифзи мероси меъморӣ Йенс Йордан ба расонаҳои маҳаллӣ хабар дод.

Бино ба хабарҳо, Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО барои ихроҷи шаҳри Шаҳрисабз аз рӯйхати мазкур дархостеро омода кардааст.

Ба гуфтаи Йордан, Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баъд аз тахриби маҳаллаи таърихии Шаҳрисабз дар соли 2014 пешниҳоди мақомоти Ӯзбекистонро барои ҷуброни ин талафот мунтазир буд. Вале онҳо танҳо пешниҳоди «сатҳӣ» карданд.

«Барои намуна, кӯчонидани дастгоҳҳои бозии кӯдакон ва ё кам кардани фонусҳои кӯчагиро пешниҳод карданд, ки Маркази мероси ҷаҳонӣ ҳеч гоҳ инро талаб намекунад», — изҳор дошт Йордан.

Шаҳрисабз дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ҷойгир буда, соли 2000-ум ҳамчун шаҳре, ки дар давраи Темуриён таъсис ёфтааст, ба Рӯйхати мероси ҷаҳонӣ шомил карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *