Шаҳритус-ба додгоҳ фиристода шудани парвандаи зане, ки 10 мардро ба ВИЧ гирифтор кард

Додситонии ноҳияи Шаҳритус парвандаи як зани муттаҳам ба паҳн кардани бемории ВИЧ СПИД-ро ба додгоҳ фиристодааст.

Умед Каримзода, додситони ноҳияи Шаҳритус гуфт, таҳқиқи парвандаи ин занро, ки ному насабаш ба далелҳои қонунӣ ифшо намешавад, анҷом додаанд ва барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Санаи муҳокима ҳоло маълум нест.

Муфаттишон мегӯянд, ин ҷавонзан, ки танфурӯшӣ мекард, бо вуҷуди онки медонист ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор аст, бо чанд мард ҳамхоба шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, на камтар аз 10 мард бо зани гирифтори беморӣ ҳамхоба шудаанд, вале барои маълум кардани онки чанд нафар аз он ба ВИЧ/СПИД гирифторанд, фурсат лозим аст, зеро ин беморӣ дар муддати кӯтоҳ зуҳур намеёбад ва барои он маълум кардани он на камтар аз 3 моҳ зарур аст.

Зане, ки ба паҳн кардани беморӣ муттаҳам мешавад, соҳиби ду фарзанд аст ва ҳамаи «мизоҷонаш» сокинони Шаҳритус будаанд. Ӯ баъди ҷудоӣ аз шавҳар ба танфурӯшӣ шурӯъ карда ва аз соли 2014 расман ба ҳайси гирифтори бемории норасоии масунияти бадан сабти ном шудааст. Маълум нест, худи ин зан аз кӣ сироят шудааст.

Акрам Давлатов, мудири Маркази мубориза алайҳи бемории ВИЧ-СПИД дар Хатлон гуфт, аз ҳама беморони вируси норасоии масунияти бадан забонхат ва имзо мегиранд, ки мабодо дигаронро гирифтор накунад.

Ҳамасола гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам дар Хатлон зиёд мешавад. Гузориш дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани як зане, ки гӯё 10 нафарро ба бемории вируси норасоии масунияти бадан мубтало кардааст, бори аввал аст, ки нашр мешавад. Аммо дар гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, аз миёни садҳо танфурӯши боздоштшуда, се нафарро бо иттиҳоми ба беморӣ гирифтор кардани муштариёнашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *