Шаҳритус дар зери бори партов
Ба нақли шоҳидон Шаҳртус аз партов поксозӣ намешавад ва дар фасли гармо бӯйи баду ғализ имкони нафаскашӣ намедиҳад.
Маркази маъмурии яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон- Шаҳритус аз лиҳози тозагии атроф ҳоли табоҳе дорад. Ба нақли шоҳидон Шаҳртус аз партов поксозӣ намешавад ва дар фасли гармо бӯйи баду ғализ имкони нафаскашӣ намедиҳад.
Дар маркази ноҳияи Шаҳритус 14 нуқтаи муваққатии партовгоҳ вуҷуд дорад, аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ин партовгоҳҳо сари вақт тоза карда намешаванд. Ин дар ҳолест, ки ин нуқтаҳои партовгоҳҳо дар наздикии манзилҳои истиқоматии сокинон воқеъ буда, дар мавсими тобистон бӯйи ғализи он атрофро фаро гирифтааст.
Дар ин шабу рӯз роҳгузарон, вақте ки аз наздикии ин ифлосиҳо мегузаранд, бо як даст дами димоғи худро пӯшида, бо дасти дигар магасу ҳашаротҳои ба сару рӯяшон боридаро меронанд. Бо чунин ҳол роҳгузарон, як сӯ мардуме, ки дар наздикии ин нуқтаҳои бӯйгину ифлос сукунат доранд, нисбат ба кору фаъолияти кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия чи фикру андеша доранд, лозим ба тавзеҳ надорад.
Дороии корхона: 2 техникаи боркаш ва чанд белу каланд
Барои муайян намудани сабабҳои ба ин ҳол уфтодани маркази маъмурии ин ноҳияи номдор ба суроғаи Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳия роҳ пеш гирифтем.
Аз лаҳзаҳои аввали будубоши мо дар ин корхона маълум гардид, ки идораи мазкур ҳамагӣ 2 техника барои партовкашӣ ва чанд белу каланд дораду халос. Пас, бо ин аҳвол чӣ гуна битавонад партобҳои шаҳракеро, ки дар он беш аз 16 ҳазор аҳолӣ сукунат дорад, сари вақт тоза намояд?
Ба гуфтаи Бахтиёр Салимов, корманди Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ҳамин ду адад техникаи дар корхона мавҷудбуда ҳам барои тоза кардани партовҳо нигаронида нашудаанд.
— Аз вазъи корхонаи мо раиси ноҳияи Шахритус огоҳ аст ва дар барномаи “Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2020-2025” таъмини техника низ нигаронида шудааст, ки умед дорем, дастгирӣ меёбад,- мегӯяд Б. Салимов.
Машраби Аловиддин
Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ