Шаҳрвандони аз 40 сола поин ҳаққи сафар ба хориҷро надоранд

Мақомоти Туркманистон синни маҳдудияти сафар ба хориҷро аз 30 то ба 40 боло бурдаанд. Ба иттилои рассонаҳо, минбаъд сокиноне, ки синашон аз 40 поин аст, ҳаққи сафар ба хориҷро надоранд.

«Дашоғузиҳо 25 июн дар Хадамоти муҳоҷирати шаҳрӣ огаҳ шуданд, ки синни маҳдудияти сафар ба хориҷ аз 30 то ба 40 боло бурда шудааст», — изҳор дошт хабарнигори радио.

Як сокини ноҳияи ба номи Сафармурод Туркманбошӣ гуфт, барои гирифтани иҷозатнома ва дарёфти раводиди сайёҳӣ ба хадамоти муҳоҷирати маҳаллӣ муроҷиат кард, вале ҷавоби рад гирифт.

«Дар шарҳи қарори нав гуфтанд, ки дигар нирӯи корӣ дар вилоят намондааст. Мегӯянд, агар ҳамаи шумо биравед, дар инҷо кӣ кор мекунад», — изҳор дошт сокини 36-солаи ноҳияи мазкур.

Миёнаҳои моҳи апрел хабар дода шуд, ки мақомоти Туркманистон тасмим гирифтаанд, шаҳрвандони то 30-соларо аз сафар ба хориҷ бозгардонанд. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки занҳоро низ аз фурудгоҳ бозмегардонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *