Шаҳрвандони Чин бидуни виза вориди Ӯзбекистон мешаванд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 сентябр фармони ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид (виза) барои шаҳрвандони Чин бо шумули сокинони минтақаи маъмурии Ҳонконгро имзо кард.

Дар ин бора Вазорати адлияи Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Бар пояи фармони Мирзиёев, сокинони Чин ва Ҳонконг аз 1 январи соли 2020 барои ҳафт шабонарӯз метавонанд, ба воситаи фурудгоҳҳои байналмилалии Ӯзбекистон бе раводид вориди ин кишвар шаванд.

Ӯзбекистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ шуд, ки раводидро барои ҳудуди 1,5 миллиард аҳолии Чин бекор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *