Шаҳрвандони Туркманистон аз ҳаққи таҳсил дар хориҷ маҳрум шуданд

Шаҳрвандони Туркманистон, ки қасди хориҷ шудан ба берун аз кишварро бо ҳадафи таҳсил доранд, ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Шоҳидон мегӯянд, дар фурудгоҳи шаҳри Ишқобод мақомот монеи ба хориҷ рафтани шаҳрвандоне мешаванд, ки қасди таҳсилро доранд.

«Соли ҷорӣ номгӯи донишгоҳҳое нашр шуд, ки дипломашон дар Туркманистон эътироф мешавад. Аммо ҳоло ҳатто онҳоеро намегузоранд ба хориҷ раванд, ки донишгоҳҳои шомили рӯйхати мақомоти Туркманистонро интихоб кардаанд. Як моҳи охир даҳҳо ҷавондухтару ҷавонписарро нагузоштанд, ба хориҷ раванд», — гуфт як сокини маҳаллӣ рӯзи 19 август.

Як сокини Туркманистон нақл кард, ки ӯро нагузоштанд барои таҳсил ба Кипр равад.

«Сарфи назар аз он ки бисёриҳо визаи корӣ ва таҳсилӣ доранд, мақомот намегузоранд, ки онҳо аз кишвар хориҷ шаванд», — гуфт шаҳрванди Туркманистон, ки айни ҳол дар Туркия қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *