Шаҳёда Шарирова – Тоҷикистон
Танҳоӣ…
Дубора баргрезу тирамоҳ аст,
Нигоҳи хастаи ман руйи роҳ аст.
Худоё марги барги сабз сахт аст,
Ки кори фасли пойиз иштибоҳ аст!
Парастуҳои пушти хона рафтанд,
Сукути мубҳами ин ҷо гувоҳ аст!
Садои хиш-хиши барги дарахтон,
Мусибатномаи андӯҳу оҳ аст.
Гули бобуна ҳам аз ёд рафта,
Дили бобунасонам сип-сиёҳ аст.
Парастуҳо дубора боз гардид,
Ки танҳо мондани ман ҳам гуноҳ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ