Шаҳзода – Самарқанд – Голландия

Номаҳои Самарқандӣ

1

Калима нест,

Калима фирор кардааст.

Калима фаромўш шудааст,

Калима дар савоҳили хушкидаи Зарафшон,

Таркида аст.

Калима пош хўрдааст дар фазо,

Калима ҳамин давру бари мост.

Калима дарҳам печидааст,

Дар зиндони қалбҳо.

2

Боке нест, ки дишаб,

Шоире сакта кард.

Ашкҳоятро нигаҳ дор,

Ки дар ин шаҳр ҳеҷ шоире,

Аз сакта нахоҳад мурд.

Бо шеъри пур аз сакта,

Зинда хоҳад монд.

3

Модар нома наменависад,

Модар эмайл намефиристад.

Модар визо намегирад,

Модар фирор намекунад.

Модар дуо мекунад,

Ки мо фарзандони тарсуву танбал,

Баргардем,

Ва санге аз роҳи ватан бардорем.

4

Телевизион форсӣ намедонад,

Рўзнома гунг аст.

Ва маҷаллаи бе рўҳ,

Родию хеле вақт аст,

Аз дарди тоҷик намегўяд.

Ин ҷо хеле вақт аст,

Ки панҷараҳои рўшанфикрон торик аст.

Ва посбони забони фурўшандаест дар бозори Регистон,

Нигаҳбони фарҳанги духтарест.

Бо китоби сабзи луғоти форсӣ-тоҷикӣ,

Дар даст,

Ва дунболи калима мегардад,

«Буҳрон» ва «Ҳуввият».

5

Кўдакон модар надоранд,

Кўдакон парад надоранд.

Ҳиҷрат кардааст,

Рўҳи мардум,

Ва қаҳрамонони миллат,

Мардикоронанд.

6

Боғҳои Самарқанд,

Хушкид,

Доғҳои Самарқанд,

Афзуд.

Муқассир,

Он як нафар нест.

Муқассира 27 миллион нафар аст,

Ки чашм ба худои кучаки худ,

Мунтазир шудаанд.

Он худои кучак, ки ҳар рўз,

Бо айнаки дудӣ ба чашм,

Ва фарёд мезанад.

Эй мардум,

Ман баҳор меорам,

Ман барор меорам.

7

Қалам мадҳўш аст,

Қалам сахт тарсидааст.

Қалам хиёнат кардааст,

Қалам афсурдааст.

Қалам зери бор аст,

Зери бори калима,

Зери бори ҳарф.

Зери бори забон,

Зери бори ҳарчӣ мамнўъ.

شهزاده- سمرقند- هلند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *