Шаҳзоди Даврон таги тарма монд?
Хонандае ба сомонаи мо занг зад: Салом! Мегӯянд, ки ҳангоми аз Хуҷанд ба Душанбе омадан, мошини Шаҳзоди Даврон дар таги тарма мондаасту…
Мусоҳибам фиқ-фиқзанон гиря карда гӯшаки телефонро монд, ҳатто фурсат наёфтам, ки ному насаб ва аз куҷо занг заданашро бипурсам. Ин хабар маро ба таҳлука афканд. Зуд аз дафтарчаи хотираам рақамҳои ин сарояндаро ёфта занг задам, вале телефонаш ҷавоб надод. Хомӯш будани телефони Шаҳзод маро бештар нигарон намуд, аммо ҳарчанд кӯшиш карда бошам ҳам, дар бораи ӯ аз ҳамкасбонаш чизе фаҳмида натавонистам. Ҳайрон будам, ки сарамро ба кадом дар зада, асли ҳодисаро бифаҳмам. Хушбахтона, рӯзи 16-уми март Шаҳзод бо пойи худ ба идораи “Тajikistantimes.tj” омада, мушкили маро осон намуд.
-Шаҳзод, вақтҳои охир дар бораи шумо ҳар хел овозаҳои гӯшхарош паҳн гашта, моро ба таҳлука оварданд. Тинҷӣ аст?
-Қариб монда буд, ки таги тарма монда, ин дунёро абадан падруд гӯем, вале Худованди муттаол моро нигаҳбон гашт. Худоро сад бор шукр, ки одамони дар мошини ман нишаста аз фаромадани тарма зарари ҷиддӣ надида, аз роҳи Хуҷанд –Душанбе сиҳату саломат ба манзили худ баргаштанд.
—Чанд муддат дар роҳ дар мондед?
-Як шабонарӯз . Дар ин муддат роҳҳоро тоза карданд ва мо тавонистем ба Душанбе баргашта аз пайи кору бори худ шавем.
-Шумо бачаи куҳистон ҳастед. Мардуми куҳистон табиатан қавииродаанд ва метавонанд мушкилиҳоро сабурона паси сар намоянд…
-Рост мегӯед, мо куҳистониҳо дар ҳақиқат ҷонсахт ҳастем, ба осонӣ таслим намешавем. Дар роҳи эҷодии ман низ дар оғоз монеаҳо хеле зиёд буданд. Ягон сарпараст надоштам, маслиҳатчӣ надоштам, касе набуд, ки дастамро гирифта маро дар ҷодаи душвори санъат раҳнамо гардад, аммо ҳеҷ гоҳ ноумед намешудам. Тирам ба ҳадаф нарасад ҳам, таслим нашуда, шабу рӯз аз болои худам кор мекардам, то ҳунарамро такмил диҳам.
-Ва комёб ҳам гаштед, зеро имрӯз дар саросари кишварамон шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки Шаҳзоди Давронро нашиносад.
-Ташаккур барои лутфатон! Ман аз худ ситора наметарошам, вале ба ҳар ҳол мухлисони худро дорам ва ин боиси хушнудии ман аст.
-“Шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям” шиори аксари сарояндагони ҷавон гаштаат. Шумо ҳам шеъру оҳанги таронаҳоятонро худатон менависед?
-Дар байни мардуми мо як матали аҷибе ҳаст: “Гунҷишкро кӣ кушад? Қассоб!” Ҳикмати ин масал дар он аст, ки ҳар як кор нозукиҳои худро дорад ва онро бояд шахсе кунад, ки аз ин нозукиҳояш хабардор аст. Ҳоҷат ба шеър навиштани ман ё сарояндагони дигар нест, зеро мо садҳо шоирони хуб дорем. Аз эҷодиёти классикон сар карда, то шеъри имрӯз дар хазинаи адабиёти тоҷик миллионҳо-миллион суханони олиҷанобе ҳастанд, ки мунтазири эҷодкори ҳақиқианд. Сарояндаро танҳо лозим аст, ки аз ин миён ба дили худ наздикашро интихоб карда сарояд.
-Дар интихобу матни сурудҳоятон кӣ ба шумо кӯмак мерасонад?
-Тағои меҳрубонам Шаҳобиддини Шуҷоъ, ки худашон шоир ва аъзои иттифоқи нависандагон ҳастанд, баъзан ба ман кӯмак мерасонанд. Худам низ кӯшиш мекунам, ки аз дафтари эҷоди шоирони шинохта беҳтарин шеъру ғазалҳоро ба оҳанг дароварда сароям.
-Шунидем, ки рӯзҳои наздик дар кадом кохи бонуфузе консерт доред?
-Бале, дар толори Филармонияи Давлатии Тоҷикистон, санаи 23 март, соати 14-00 консерти банда бо унвони “Гулрези ҷавонӣ” барпо мегардад.
—Сабаби “Гулрези ҷавонӣ” ном ниҳодани барнома дар чист?
-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсолро соли “Ҷавонон” эълон намуданд, барои ҳамин ман ҳамчун як сарояндаи ҷавон барномаи ҳунариамро “Гулрези ҷавонӣ” ном ниҳодам.
-Таманниёти шумо ба мухлисонатон?
-Халқи азизам сиҳат ва саломат бошанд ва ҳеҷ гоҳ бо мушкилию ғаму андуҳ рӯ ба рӯ нагарданд. Омин!
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ