Шабакаи нав рушди сайёҳист магар?

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ки то ҷашни Наврӯз дар кишвар шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд.

Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ки корҳо барои фаъолсозии шабакаи телевизионии «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар марҳилаи анҷомёбист.

Раиси Кумитаи телевизион зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки барои шабакаи ҷадид дастгоҳҳои муосири дорои дақиқияти баланд ворид гардида, ҳукумат аллакай дафтари кориро барои телевизиони ҷадид фароҳам кардаст.

Ба иттилои манбаъ, телевизиони ҷадид дар бинои сеошёнаи пешини Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ҷой мегирад.

Раис изҳори боварӣ намуд, ки то ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ шабакаи «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пурра фаъол хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ду шабакаи давлатии нави телевизионӣ — «Илм ва табиат» ва «Шаҳнавоз» ифтитоҳ гардиданд.

Ба иттилои кумита, феълан дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизион ва студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд.

Таъкид шудааст, ки инчунин дар кишвар 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 22 радиои хусусӣ, 10 радиои давлатӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *