Шабакаи «ТикТок» ҳукумати Амрикоро ба додгоҳ кашид
Шабака иҷтимоии TikTok-и Чин ҳукумати Амрикоро, ки мехоҳад, истифодаи онро дар қаламраваш манъ кунад, ба додгоҳ кашид. Дар шикояти расмӣ, ки рӯзи 24-уми август ба додгоҳе дар Калифорния расид, омадааст, ки ҳукумати Амрико кӯшишҳои зиёд барои посух додан ба нигарониҳо доир ба иттилооти хусусӣ ва амнияти корбарони TikTok-ро нодида гирифтааст.
Доналд Трамп рӯзи 6-уми август дастур дод, ки ҳаргуна муомилот бо соҳибони чинии ТикТок манъ карда шавад. Ӯ мегӯяд, ки замимаи мазкур барои амнияти миллӣ хатар дорад ва мумкин аст, ТикТок-ро барои дурӯғпароканӣ ва ба нафъи Ҳизби комуннисти Чин истифода баранд.
Ҳукумати Трамп ҳамчунин ба ширкати чинии ByteDance дастур додааст, ки ТикТок-ро ба ягон ширкати амрикоӣ фурӯшад. Ширкатҳои Оракл ва Майкрософт гуфтаанд, ки майли харидани бахши амрикоии ТикТок-ро доранд. ТикТок дар Амрико бештар аз 80 миллион корбар дорад.
ОЗОДӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ