Шаби наҳс. Сафиоллоҳи 7-сола чӣ тавр аз селу лойқаҳо наҷот ёфт?

Сафиоллоҳ ҳамон шаби наҳсе, ки сел вориди хонаашон шуд, ҳамроҳи модару бибӣ ва бародарону фарзандони амааш хоб буд. Онҳо баъди соати 22-и шаб якбора садоҳои даҳшатнокро шунида, берун баромаданд, ки рӯйи ҳавлиро аллакай об зер карда буду сел талоши ворид шудан ба хонаро дошт.

Занҳо дарҳол кӯдаконро гирифта, аз сари девор ба хонаи ҳамсоя гузарониданд ва баъди ин, зинапоя монда, худашон ҳам гузаштанд. Аммо, он ҷо ҳам бехавф набудааст ва ҳамин замон якбора мавҷи сел ошхонаи ҳамсояро чаппа карда, акнун оби пурхурӯш аз се тараф онҳоро иҳота карда буд.

Модараш дарвозаи ҳамсояро ба оғӯш гирифта, дар фикри ҷони хушдоману фарзандонаш буд. Ҳар лаҳза онҳоро наззора мекарду барои истодан ҷойи амн мекофт. Ин замон мавҷи сел тарафи дигар гашт ва ӯ дарҳол писарчаи хурдиашро ба оғӯш гирифта, калониашро ба наздаш ҷеғ зад. Модаршӯ набераҳои боқимондаашро гирифта, барои баромадан ба роҳи калон ба дигар сӯи ҳавлӣ тохт, то тифлаконро аз чанголи об наҷот диҳад.

Бино ба нақли Моҳсанам Каримзода, модари Сафиоллоҳ, кӯдаке, ки ӯро дарахт дар оғӯш аз миёни селу лойобаҳо ёфтанд (дар акс), ӯву кӯдаконаш ба доду фарёд задан сар карданд. Ин замон мардони деҳа аллакай ба кумаки сокинон шитофта буданд ва онҳоро аз вартаи даҳшат берун оварданд.

“Дар назди хонаамон нақлиёти боркаше меистод, ки кумур дошт. Ронандаро хоҳиш кардам ва мо то соати 1-и шаб дар болои бордони он будем. Сипас, аҳолӣ хабар оварданд, ки боз сел меояд. Хешовандони шавҳарам ба кумакамон омада, моро дар нисфи шаб ба ҷойи амн бурданд. Субҳ фаҳмидем, ки хушдоманамро ҳамроҳ бо кӯдакони дигар сел бурдааст. Баъди кофтукоби зиёд ҷасади ду фарзанди хоҳаршӯямро давоми се рӯз ёфтанд. Хушбахтона, хушдоманаму кӯдакони дигар зинда буданд, аммо дар ҳолати вазнин”,- бо алам қисса кард Моҳсанам ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон”.

Беҳрӯз Мирзоев, падари Сафиоллоҳ, ки он шаб дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт, баъди ин ҳодиса фавран чипта гирифта, ба Ватан баргашт ва айни ҳол дар деҳаи Тангаии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо кумаки мақомоту наздикон ва ҳамсояҳо хонаву дарашонро аз лойоба тоза доранд. Сел тамоми биноҳои ёрирасонашонро бо худ бурдааст.

Моҳсанам Каримзода зимни суҳбат гуфт, ки шаб кадоме аз наҷотдиҳандагон писари дуюмаш Сафиоллоҳро оғӯш дар дарахт ва пур аз лой ёфтааст. Аҳволи ӯ чунон бад буд, ки вақте дар наворҳо диданд, худашон кӯдакро нашинохтанд.

“Ҳамон шаб тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” писарамро ба беморхона бурдаанд. Мо субҳ ба ҷустҷӯяш пардохтем. Чанд ҷойро дидем. Баъд гуфтанд, ки шабона чанд нафарро ба беморхона бурдаанд. Вақте ин ҷо омадем, аҳволи писарам вазнин буду ӯ дар шуъбаи эҳё мехобид”,- гуфт модари кӯдак.

Яке аз табибони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки “кӯдакро шабона ба беморхона оварданд. Тамоми сару гарданаш пури лой буд ва ӯро шинохта намешуд. Дар шуъбаи эҳё ҷойгир кардем. Рӯзи дуюм дастонашро кушоду рӯзи сеюм чашмонашро ва айни ҳол дар ҳуҷра бистарист. Аҳволаш хуб буда, таҳти назорати табибон қарор дорад. Имрӯз баъди муоинаҳо ба хонаашон меравад”.

Беҳрӯзу Мастона 3 фарзанд доранд ва Самиаллоҳ писари дуюми онҳост. Ӯ 25-и июни соли 2016 ба дунё омада, имсол бояд ба мактаб мерафт. Падару модар барояш либоси мактабӣ харидаву худ дар тараддуди хонанда шудан буд, аммо…

Аз сабаби он, ки сари кӯдак зарбаи сахт хӯрда, пайваста дард мекунад, ҳанӯз ба ӯ иҷозати ба мактаб рафтанро надодаанд. Сардори Раёсати маорифи шаҳр ва директори мактабе, ки бояд Самиаллоҳро ба синфи 1 қабул мекард, ба аёдаташ омадаву гуфтаанд, ки аввал сиҳат шавад ва баъд дар фикри дарс шавад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 27 ба 28-уми август дар ҳудуди ҷумҳурӣ боронҳои дурударози пуршиддат бориданд, ки дар натиҷа селу фаромадани ярч ба амал омада, бисёр кӯпруку роҳҳо ва манзилҳои истиқоматию ҷони одамонро рабуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Ваҳдат сел дар ҳудуди ҷамоатҳои Симиганҷу Чӯянгарон ва Нуъмон Розиқу Ромит бештар хисорот овард.

Хусусан, селу ярч дар маҳаллаҳои Бӯстонсарою Мағов ва Фириштию Чорбоғи ҷамоатҳои деҳоти Чӯянгарону Симиганҷ зарари калони молию ҷонӣ расонд.

Мувофиқи маълумоте, ки ба дасти ҳафтаномаи “Тоҷикистон” расид, сел шабона шиддат гирифта, ба зиёда аз 210 манзили истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ оварда, қариб бист манзили дигарро пурра несту нобуд кард. Яке аз оилаҳои зарардидае, ки 17 нафар дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд, аз хонаашон пурра маҳрум гардида, бо кумаку дастгирии мақомоти маҳаллию мардум айни замон дар масҷиди маҳалла истиқомат доранд.

Тибқи маълумоти манбаъҳои муътамади рӯзнома, танҳо дар шаҳри Ваҳдат 17 тан фавтида ба қайд гирифта шудааст ва кофтукови 5 нафар бедаракшудагон идома дорад.

Ҳоло шумораи ҳалокшудагон аз ин офати табиӣ ба 21 нафар расид. Дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар, дар ноҳияи Рӯдакӣ 2 нафар ва дар Варзоб 2 кас ба ҳалокат расидаанд.  

Мирсаид САТТОРИЁН, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *