Шаби соли нав барф намеборад

Шаби соли навро сокинони мамлакат бе барф пешвоз мегиранд. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.

Оё Соли нав бе барф мешавад? Албатта, мешавад. Тавре маълум аст, дар бисёр давлатҳои ҷануб, масалан Австралия, умуман барф намеборад, вале шаби 31 декабр Соли навро бо шодию нишот истиқбол мегиранд.

Ҷамила Байдуллоева дар мавриди он ки гӯё ин гармиҳо муваққатиянд ва аллакай аз даҳаи аввали моҳи январи соли 2018 сар карда, сардии қаҳратун шурӯъ мешавад, гуфт, ки тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, навобаста аз он ки моҳи январ дар ҷумҳурӣ яке аз моҳҳои сарди зимистон ба шумор меравад, даҳаи аввали он на он қадар сард меояд.

«Шурӯъ аз даҳаи аввали моҳи январ гармии ҳаво 8-13 дараҷаро ташкил медиҳад, яъне то 5 дараҷа фарқ хоҳад кард. Даҳаи аввали моҳи январ дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимоли бориши барф дар назар буда, ҳарорат аз 0 то 2 дараҷа паст мегардад»,-зикр намуд Ҷамила Байдуллоева.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  31 декабр дар ҷумҳурӣ асосан ҳавои тағйирёбандаи абрӣ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *