“Шаби устод Садриддин Айнӣ” дар Теҳрон

Дар Хонаи ҳунармандони Эрон бо ибтикори маҷаллаи “Бухоро” ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар  Эрон нишасти фарҳангии  «Шаби устод Садриддин Айнӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд.

Нишасти мазкурро Алии Деҳбошӣ- сардабири маҷаллаи «Бухоро» ифтитоҳ намуда, ба аҳаммияти шинохти шахсият ва осори устод Садриддин Айнӣ дар Эрон ба унвони яке аз маъруфтарин чеҳраҳои  олами форсизабон таъкид кард.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, ки  нахустин суханрони маросим буд, шахсияти Садриддин Айниро мазҳари ҳастии маънавии тоҷикон ва осори мондагори устодро  мазҳари дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик дар қарни ХХ номид.

Дар идомаи суханронии хеш Сафири Тоҷикистон ба нақши ин абармарди таърихи тоҷикон дар ҳифзу бақои ҳувияти миллӣ, ҳастии маънавӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар солҳои бистуми қарни ХХ, ки давраи сарнавиштсози таърихи миллат буд, ишора намуд ва таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро намунаи олии фидокории маънавии устод дар ростои мубориза  барои исботи ҳастии миллати тоҷик ба унвони миллати куҳан ва тамаддунофари Осиёи Марказӣ  арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки устод Айнӣ дар солҳои баъдӣ дар ташаккул ва  рушди адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, луғатнигорӣ ва.самтҳои дигари ҳаёти маънавии Тоҷикистон саҳми бузург гузошт ва барҳақ бунёнгузори адабиёти муосири тоҷик ва падари маънавии миллат эътироф гардид. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти ҳақшинос ва ҳақгузори Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо устод Садриддин Айниро  барои  хидматҳои бузург бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон”  сарфароз гардониданд, балки худ низ кори бузурги устодро дар миллатсозӣ бо ибтикороти сарнавиштсоз дар ростои давлатсозии миллӣ дар замони Истиқлоли Тоҷикистон идома бахшиданд.

Суханронони дигари нишасти “Шаби устод Садриддин Айнӣ” – донишмандони айнишиноси Эрон Алиашрафи Шабистарӣ, Масъуди Ирфониён, Ораши Эронпур, Муҳсини Фараҳбар, ҳамчунин муҳаққиқи маъруфи тоҷик Абдулхолиқи Набавӣ (ба сурати маҷозӣ) нукоти муҳиммеро дар бораи паҳлуҳои гуногуни шахсият ва осори Садриддин Айнӣ ва нақши боризи устод дар рушди адабу фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон  баён доштанд.

Дар нишасти мазкур ҳамчунин ду асари ҷадиди айнишиносии эронӣ — «Таърихи иҷтимоии Бухоро бар асоси «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (2 ҷилд, таълифи Озито Ҳамадонӣ) ва нашри нави китоби устод Айнӣ  “Ахгари инқилоб” ба хатти форсӣ (таҳиягар Ораши Эронпур) рӯнамоӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *