Шабнами Собирӣ: «ОРИЁН» маро туҳмат кард

Хабари сомонаи “ОРИЁН”, ки таҳти унвони “БОЗДОШТИ ОВОЗХОНИ ТОҶИК ШАБНАМИ СОБИРИ БО ИТТИҲОМИ ДУХТАР ФУРӮШӢ ДАР ДУБАЙ” ба табъ расонид, ки дар он хонандаҳои зиёд шарҳи худро гузоштанд. Аз он ки ин сомонаи иғвоангез, ба хотири зиёд кардани шумораи хонандаҳояш овозаҳои бардурӯғ гирди номи сарояндаҳои тоҷикро мебофанд, хабарнигори сомонаи “tajikistantimes.tj”  тасмим гирифт, ки барои тасдиқи “хабар”-и сомонаи “ОРИЁН” ба Шабнами Собирӣ тамос гирад. Хабарнигор мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод, ки фишурдааш чунин аст:

Шабнам, шуморо аз сомонаи “tajikistantimes.tj” ташвиш медиҳем.  Айни ҳол дар куҷоеду ба чӣ корҳо қарор доред?

Ҳеҷ гап не. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе  ҳастам. Дар хонаам бо аҳли оилаам мебошам.

Охирон маротиба ба кадом шаҳр сафар карда будед?

Тақрибан як моҳ мешавад, ки аз Анталия баргаштем. Ман ҳамроҳи шавҳараму фарзандонам барои истироҳат рафта будем. Бояд қайд намоям, ки ба кадом шаҳре, ки меравам,  ҳамроҳи аҳли оилаам меравам.

Охирон маротиба кай ба Дубай рафта будед?

Охирин сафари ман ба шаҳри Дубай қариб як сол мешавад. Ростӣ, дирӯз бегоҳ мухлисонам  занг зада, аз ин овозаи дурӯғро расонидан. Медонам, ки чунин хабарро як нафари ғаразноку бадхоҳ бофта баровардааст. Бо вуҷуди  дурӯғ будани хабар  таъсири манфӣ мерасонад.

Яъне овозаи он ки Шумо дар шаҳри Дубай бо иттиҳоми духтарфурӯшӣ дастгир шудаед, дурӯғ аст?

Бале, дурӯғи маҳз аст. Агар Худо барои ман хӯрдани нони қоқро раво бинад, шукр мегӯяму ба ин кор даст намезанам. Тавонам чунин занҳои фиребхӯрдаро дастгирӣ мекунаму аз роҳашон бар мегардонам. Одаме. Ки ба чунин корҳои фаҳш даст мезананд. Аз симояшон маълум аст, наход ман як зани шавҳардору фарзандорро чунин туҳмат кунед?

Ҳадафи чунин овозаҳо атрофи сарояндаҳои машҳурро дар чи мебинед?

Фикри шахсии ман ин аст, ки мақсади овоза баровардани онҳо шояд маро аз мухлисонам ҷудо кардан бошад.  Вале  мухлиси ҳақиқӣ  медонад, ки  сарояндаи дӯстдоштааш дар кадом ҳолат аст. . Бисёр мехостам, ки мақомоти дахлдор аз рӯи чунин бесомониҳо  чораҳои дахлдор барад. Шавҳарам гуфт, ки мо онҳоро ба ҳоли худашон намегузорем ва аз болояшон шикоят мебарем. Болои ин қадар овозаю ҳангома, ҳанӯз аз хоб нахеста будам, ки  занги дар шуд ва хабар оварданд, ки шишаи мошинамро шикастанд Ду рӯз  мешавад, ки азоби руҳи кашида истодаам. Бояд чунин одамонро ба ҳоли худашон нагузорему аз болояшон шикоят барем ва онҳо бояд дар чорчӯбаи қонун ҷавоб гӯянд.

Суҳбаторо : М. Давлат

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

14 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *